Содироти ғалла аз Қазоқистон дар тӯли 20 сол ба нишондиҳандаи рекордӣ расид
Остона, 17 декабри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Қазоқистон дар соли маркетингии 2024-2025 13,4 миллион тонна ғалла содир намуд. Ин нисбат ба ҳамин давраи як соли пеш 47% зиёд аст ва бузургтарин нишондиҳанда дар 20 соли охир аст.

Дар ин бора дар ҷаласаи ҳукумат муовини Вазири кишоварзии ҶҚ Азат Султонов изҳор дошт. Вай қайд намуд, ки ҳосили ҷамъоваришуда талаботи бозори дохилиро пурра таъмин мекунад ва ба афзоиши содирот имкон медиҳад.
“Имрӯз 3,4 миллион тонна ғаллаи ҳосили нав содир шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 20 фоиз зиёд аст. Иқтидори содиротӣ афзун намуда мешавад ва қариб 13 миллион тоннаро ташкил медиҳад, “, – таъкид дошт Султанов.
Сурат: ВК ҶҚ
