Душанбе, 18 декабр, 2025г. – АИ «Корвон Иттилоот». 15 декабри соли 2025 як соли фаъолияти Клуби таърихии назди Россотрудничество дар шаҳри Хуҷанд пурра гардид. Як сол — вале бо мазмуну натиҷаҳое, ки метавонанд бо як даҳсола баробар бошанд. Ин муддат Клуб худро ҳамчун минбари муассири ҳифзи хотираи таърихӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва муколамаи фарҳангҳо муаррифӣ намуд.

Дар соли 80-умин солгарди Ғалабаи бузург дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, фаъолияти Клуб масъулияти хос гирифт. Аз Тоҷикистон тақрибан 300 ҳазор нафар дар ҷанг ширкат доштанд ва ин воқеият ба меҳвари аксари чорабиниҳо табдил ёфт.
Дар давоми як сол 38 чорабинӣ баргузор гардид, аз ҷумла се чорабинии байналмилалӣ бо иштироки Тоҷикистон, Русия, Беларус ва Чин. Ҷаласаҳои сайёр дар шаҳру ноҳияҳои Суғд, барномаҳои омӯзишӣ барои хонандагону донишҷӯён, ҳамкориҳои фарҳангӣ ва илмӣ самараи ин фаъолият буданд.

Шоми адабӣ-мусиқии бахшида ба Сергей Есенин, ки дар он ашъори шоир ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва чинӣ садо дод, ба як рӯйдоди байналмилалӣ табдил ёфт. Дар натиҷа дар Пекин китобе бо тарҷумаи ашъори Есенин ба забони чинӣ дар услуби сулолаҳои Тан ва Сун нашр гардид.
Ҷанговарони афғон ва ҳомиёни сохти конститутсионии Тоҷикистон бо ҷавонони Хуҷанд корҳои мунтазами тарбиявӣ мебаранд. Ҳаракати ҷавононаи «Сарбози ҷавон», ки аз ҷониби Анвар Назаров таъсис ёфт, намунаи равшани ин фаъолият мебошад.
Клуб аз рӯзҳои аввал ба корҳои хайриявӣ машғул аст. Дастгирии ятимхона, барномаҳои фарҳангӣ, мулоқотҳо ва консертҳо қисми ҷудонашавандаи фаъолияти он гардиданд.

Бо ташаббуси Клуб дар Осорхонаи таърихии Хуҷанд Толори шуҳрати ҳарбӣ ва меҳнатӣ ифтитоҳ ёфт, ки саҳми занону мардони Тоҷикистонро дар Ғалаба ва рушди давлат таҷассум мекунад.
Соли гузашта барои роҳбар ва аъзои Клуб давраи рушди шахсӣ, касбӣ ва маънавӣ буд. Аммо дастоварди асосӣ — эътимод, дӯстӣ ва иттиҳоди одамоне аст, ки таърихро бо масъулият нигоҳ медоранд.
Клуби таърихии Хуҷанд ба соли 2026 бо эътимод қадам мегузорад:
то даме ки хотира зинда аст — миллат низ зинда мемонад.
АКС: аз саҳифаи ичтимоии Наталья Кутузова
