Душанбе, 03 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ дигар як чорабинии мавсимии одӣ нест, балки раванди илмӣ ва агротехникии банақшагирифташуда ба ҳисоб меравад. Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки шинонидани дарахтон дар се марҳила — тирамоҳу зимистон, зимистон ва зимистону баҳор анҷом дода шавад. Ин равиш имкон медиҳад, ки шароити иқлимии кишвар ба инобат гирифта шуда, сатҳи решагирии ниҳолҳо баланд бардошта шавад.

Ба иттилои коршиносони соҳаи кишоварзӣ, маъракаи ниҳолшинонӣ аз лаҳзаи хазонрез шудани дарахтон оғоз мегардад. Дар ин давра растаниҳо ба ҳолати оромӣ мегузаранд ва кӯчонидани онҳо осебнок намешавад. Дар фасли зимистон шинонидани ниҳол танҳо дар рӯзҳои гарм иҷозат дода мешавад, зеро дар чунин шароит хок ях накарда, намии заруриро нигоҳ медорад.
Ба сифати ниҳолҳо талаботи дақиқ гузошта мешавад. Баландии онҳо бояд 1,40–1,50 метр бошад ва ба ҳолати реша диққати ҷиддӣ дода шавад. Ҳангоми шинонидан омехтаи як ҳисса пору ва се ҳисса хок истифода гардида, то давраи сабзиш нигоҳ доштани намии хок муҳим шуморида мешавад.
Ниҳолҳое, ки аз тухм парвариш карда мешаванд, бояд баландии 110 то 150 сантиметр дошта, ғафсии пояи онҳо аз 15 то 25 миллиметр бошад. Инчунин решаи онҳо бояд хуб инкишоф ёфта, аз 3–4 шохаи асосӣ иборат бошад. Риояи ин меъёрҳо ба ҳосилнокӣ ва устувории дарахт таъсири бевосита мерасонад.

Мутахассисон ба боғпарварон тавсия медиҳанд, ки ба тарзи дурусти буриши шохҳо аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Шохҳое, ки ҳосил намедиҳанд ва ба рушди дигар шохҳои ҳосилдеҳ монеа мешаванд, бояд бодиққат бурида шаванд, то ба хушкшавии дарахт оварда нарасонанд. Барои нашъунамои беҳтар истифодаи поруҳои маҳаллӣ ва нуриҳои минералӣ низ тавсия дода мешавад.
Яке аз усулҳои муҳими агротехникӣ яхоб мондани боғ дар моҳҳои декабр ва январ мебошад. Ин амал ниҳолро карахт нигоҳ дошта, онро аз сардиҳои аввали баҳор муҳофизат мекунад. Дар маҷмӯъ, интихоби дурусти қитъа, таҳлили таркиби химиявии хок ва ҷойгиркунии қатори дарахтон аз шимол ба ҷануб заминаи устувори рушди боғдорӣ ва тавозуни экологиро дар кишвар таъмин менамояд.
АКС: Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Рудакӣ
