Суботи молияви ва шарикии энергетики: дар Душанбе карори асоси оид ба НБО Сангтуда-1 кабул шудааст – ИА Караван Инфо
Суботи молияви ва шарикии энергетики: дар Душанбе карори асоси оид ба НБО Сангтуда-1 кабул шудааст

Душанбе, 18 июн, АИ «Караван инфо». Санаи 16 июн тахти раёсати Файзали Идизода чаласаи навбатии сессияи якуми Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон даъвати хафтум баргузор гардид. Дар рузнома як хуччати мухими байналмилали бо ахамияти стратеги барои бахши энергетикии кишвар буд.

Дар чараёни чаласа вакилон Протоколро дар бораи ворид намудани тагйирот ба Созишнома байни Хукумати Чумхурии Точикистон ва Хукумати Федератсияи Россия дар бораи хамкори оид ба истифодаи НБО-1 Сангтуда, ки аз чониби тарафхо 30 июли соли 2009 имзо шудааст, барраси ва кабул намуданд.

Максади асосии хуччат муътадил намудани вазъи молиявии ширкати “Барки Точик”, баланд бардоштани шаффофият дар хисобхо ва ташаккули модели устувори шарики мебошад. Хачми умумии сармояи саххоми тибки шартхои навшуда 847 миллион доллари ИМА муайян намуда шудааст.

Мувофики созишномахои имзошуда, истифодаи тарофахои имтиёзнок аз соли 2025 огоз меёбад: дар соли аввал онхо 1,5 сентро ташкил медиханд ва то соли 2032 то 2,2 сент зиёд намуда мешаванд.

Мухлати баргардонидани сармоягузории тарафхо дар ин иншоот аз 20 то 35 сол ба 15 соли иловаги: аз соли 2034 то соли 2048 тамдид намуда мешавад.

Таъмини ичрои мукаррароти навшудаи Созишномаи амалкунанда ба натичахои зерин дар сохаи энергетикаи кишвар ноил мегардад:

1.        Дар давраи аз соли 2025 то 2034 карзхои чамъшуда то 31 декабри соли 2024 ба андозаи 3 миллиарду 257 миллион сомони, ки ба 297 миллион доллар баробар аст, мархила ба мархила пурра бекор намуда мешаванд.

2.        Тариф барои хариди неруи барк аз 3,168 сент то 1,5 сент кохиш меёбад, ки ин аз сатхи хозира 2,1 маротиба камтар аст ва то охири соли 2032 2,2 сентро ташкил медихад, ки ин хам аз тарофахои чори камтар аст. Дар оянда, аз соли 2033 то охири соли 2048 тариф дар сатхи 3,3 сент нигох дошта мешавад.

3.        Мувофики хисобхои тахлили, самаранокии молиявии созишномахо ва мукаррароти протоколи нав дар давраи аз соли 2025 то 2049 588 миллион доллар арзёби намуда мешавад.

Тадбирхои андешидашуда на танхо ба солимгардонии молиявии оператори миллии энергетика, балки ба тахкими муносибатхои дучониба бо Федератсияи Россия, густариши хамкории дарозмуддат дар сохаи энергетика ва рушди фазои сармоягузори равона намуда шудаанд

АКСХО: мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон

error: