Сухбати телефонии Президенти Точикистон Эмомали Рахмон ва Президенти Русия Владимир Путин. – ИА Караван Инфо
Сухбати телефонии Президенти Точикистон Эмомали Рахмон ва Президенти Русия Владимир Путин.

Санаи 24 феврали соли 2025 гуфтугуи телефонии Президенти Точикистон Эмомали Рахмон ва Президенти Русия Владимир Путин баргузор шуд. Ташаббускори сухбат чониби русия буд. Зимни сухбат рохбарони ду кишвар ичрои созишномахоеро, ки хангоми сафари Эмомали Рахмон ба Москва 24 декабри соли 2024 ба даст оварда буданд, барраси намуданд.

Таваччухи асоси ба хамкори дар сохахои тичорат, энергетика, амният ва масъалахои ичтимои-гуманитари равона намуда шудааст.

Президентхо инчунин, дар бораи рушди муносибатхои дучониба, ки ба шарикии стратеги ва иттифоки асос ёфтаанд, мубодилаи афкор намуданд. Дар ин замина, онхо хамкории фаъолонаи байни идорахои профилиро, аз чумла дар доираи комиссияи Байнихукумати оид ба хамкории тичоративу иктисодиро кайд намуданд.

 Илова бар ин, чонибхо масъалахои мубрами рузномаи байналмилали ва амнияти минтакавиро барраси намуданд.

Сухбат дар фазои анъанавии дустона ва созанда сурат гирифт.

Аксхо: аз манбаъхои кушода

error: