Таҳдидҳои террористӣ дар ИДМ: мушкилоти асосӣ ва мубориза бо онҳо – ИА Караван Инфо
Таҳдидҳои террористӣ дар ИДМ: мушкилоти асосӣ ва мубориза бо онҳо

Конфронси ИДМ оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ ва Конфронси байналмилалии илмӣ-амалии сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) рузи и 4 сентябри   ба кори муштарак оғоз карданд.

Чорабинии мазкур аз ҷониби Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Маркази зиддитеррористии кишварҳои узви ИДМ ва Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ ташкил карда шуд.

Тибқи маълумот соли гузашта дар кишварҳои ИДМ беш аз 300 кӯшиши содир намудани ҷиноятҳои террористӣ, аз ҷумла 195 амали террористӣ сабт шудааст. Дар ин бора зимни конфронси байналмилалӣ дар Тошканд раиси Маркази зиддитеррористии кишварҳои ИДМ Евгений Сысоев  изҳор дошт.

Аксари ҷиноятҳо дар марҳилаи омодагӣ қатъ карда шуданд, ки ин имкон дод, то талафоти зиёд пешгирӣ карда,  зарари моддӣ кам  шавад. Ба гуфтаи Сысоев, беш аз 2,1 ҳазор нафар барои ҷиноятҳо дар ҷодаи терроризм ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Бо вуҷуди муваффақиятҳо дар мубориза бо терроризм, Евгений Сысоев таъкид кард, ки терроризм яке аз хатарноктарин мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ боқӣ мемонад. Ў қайд кард, ки террористон аз имконоти технологияи зеҳни сунъӣ (AI) ва шабакаҳои нейронӣ барои таблиғ, ҷалб ва маблағгузорӣ фаъолона истифода мебаранд.

“Танҳо амалҳои ҳамоҳангшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар асоси меъёрҳои умумии ҳуқуқӣ метавонад террористонро аз имкони пешбурди таблиғоти муассир, ҷалб, маблағгузорӣ ва идоракунӣ маҳрум созад”, – мегӯяд роҳбари Маркази зиддитеррористии кишварҳои ИДМ.

Вазъият дар  Афғонистон худ  диққати махсусро талаб менамояд.  Ба гуфтаи Сысоев, мақомоти Афғонистон бо гурӯҳҳои дохилӣ фаъолона мубориза бурда, сарҳадҳои берунаро таҳким мебахшанд, то ки вуруди ҷангҷӯёни хориҷиро пешгирӣ намояд.

АКС аз манбаъҳои боз

error: