Душанбе, 16 декабр, 2025г. – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ҷаласаи корӣ бо иштироки роҳбарони мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ баргузор гардид. Ҷаласа ба масъалаҳои муҳими таъмини амният ва суботи миллӣ дар шароити таҳдидҳои муосир бахшида шуд.

Дар кори ҷаласа вазири мудофиа, вазири корҳои дохилӣ, Прокурори генералӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, роҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати адлия, фармондеҳони Гвардияи миллӣ ва Қӯшунҳои сарҳадӣ, инчунин роҳбарони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовар, Агентии таъминоти амволи махсус ва дигар сохторҳои марбутаи давлатӣ иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа масъалаи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳифзи амнияту суботи кишвар, тақвияти иқтидори мудофиавии давлат ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон дар шароити ҷаҳонишавӣ мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.
Яке аз самтҳои асосии баррасишуда рушди саноати мудофиавӣ буд. Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромади худ вазъи кунунӣ ва дурнамои фаъолияти корхонаҳои соҳаи саноати мудофиавиро муаррифӣ намуда, нақши онҳо дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар муҳим арзёбӣ шуд.

Дар идомаи ҷаласа муовини вазири мудофиа оид ба аслиҳа ва техникаи ҷангӣ доир ба фаъолияти корхонаҳои саноатии Вазорати мудофиа, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ ва дигар роҳҳои рушди ин соҳа ҳисобот пешниҳод намуд.
Масъалаҳои таъмини мудофиаи давлат дар шароити таҳдидҳои эҳтимолӣ, густариши мудофиаи ҳудудӣ, санҷиши ҳолати захираҳои сафарбарӣ, иштироки шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта дар ҳифзи марзу буми кишвар ва тақвияти фаъолияти сохторҳои қудратӣ дар баромади Сардори Ситоди генералӣ — муовини аввали вазири мудофиа шарҳи муфассал пайдо карданд.
Қайд гардид, ки бо ҷалби мутахассисони Вазорати мудофиа қариб дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар чорабиниҳои сиёсиву ҷамъиятии санҷиши мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ баргузор гардида, шаҳрвандон дар онҳо бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
Намояндагони Котиботи Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханрониҳои худ ба масъалаҳои беҳтар намудани шароити хизмати сарбозону афсарон, даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, таъмини омодабошии баланди ҷангӣ, ҳифзи саломатии хизматчиёни ҳарбӣ, пешгирии қонуншиканӣ ва коррупсия, инчунин ҷалби табибони баландихтисос ба соҳаи низомӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Дар фарҷом, ҷаласа бо ироаи таклифу пешниҳодҳои амалӣ ҷиҳати таҳкими ҳамкории зичи сохторҳои қудратӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини оромию суботи кишвар ва саҳмгузорӣ дар рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷамъбаст гардид.
ФОТО: Раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
