Душанбе, 17 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар пойтахти Ӯзбекистон 15 ноябр, дар ҳошияи Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев баргузор гардид. Суҳбатҳо ба марҳилаи муҳими таҳкими ҳамкории стратегӣ миёни ду кишвари ҳамсоя табдил ёфта, тамоюли устувори муносибатҳои Душанбе ва Тошкандро дар шароити тағйирёбии вазъи минтақавӣ тасдиқ намуданд.

Дар оғоз Эмомалӣ Раҳмон барои даъват ва қабули гарму самимӣ ба ҷониби мизбон изҳори сипос намуд. Зикр шуд, ки муколамаи сиёсӣ миёни ду кишвар ба таври мунтазам рушд мекунад ва сатҳи эътимод дар он баланд буда, барои ҳалли мушкилоти муштарак заминаи мусоид фароҳам меорад.
Мавзӯи асосии мулоқот густариши ҳамкории тиҷорию иқтисодӣ буд. Таъкид гардид, ки имкониятҳои васеи энергетика, саноат, кишоварзӣ ва бахшҳои навоварию технологияҳои муосир бояд ба таври самаранок истифода шаванд.
Гуфта шуд, ки гардиши мол байни ду кишвар дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба зиёда аз 440 миллион доллар расид ва имкониятҳои зиёд барои афзоиши минбаъдаи он мавҷуд аст.
Сарони давлатҳо таҳкими ҳамкории байни минтақаҳоро мусбат арзёбӣ карданд, зеро он ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои саноат, логистика ва кишоварзӣ мусоидат менамояд.
Ҷонибҳо зикр карданд, ки ҳамкориҳои илмиву фарҳангӣ ва барномаҳои мубодилавӣ дар густариши муносибатҳои дӯстонаи ду миллат нақши муҳим доранд.
Мавзӯи муҳими дигар — таъмини амнияти минтақавӣ буд. Президенти ҳарду кишвар зарурати муборизаи муштарак алайҳи терроризм, экстремизм, радикализми динӣ, ҷиноятҳои киберӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро таъкид карданд.
Тарафҳо роҳҳои густариши ҳамкории Точикистон ва Ӯзбекистонро дар чаҳорчӯби СММ, СҲШ, ИДМ ва вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ намуданд.
Мулоқоти Тошканд нишон дод, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон ба таҳкими минбаъдаи ҳамсоягии нек, шарикии стратегии дарозмуддат ва таъмини суботи устувори минтақаи Осиёи Марказӣ содиқ мебошанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
