Ташаббусҳои Курултайи – ро намояндагони АНК ва Сенат муҳокима намуданд – ИА Караван Инфо
Ташаббусҳои Курултайи - ро намояндагони АНК ва Сенат муҳокима намуданд

ОСТОНА, 23 январ АИ «Караван Инфо». Муовини Раиси Ассамблеяи халқи Қазоқистон Марат Азилхонов бо вакилони Сенати Парлумони ҶҚ мулоқот намуд, ки ба татбиқи вазифаҳои стратегии Президент дар V –ум Курултаи Миллии бахшида шудааст. Дар муҳокима Закирҷон Кузиев, Нурия Ниёзова, Евгений Болгерт, Геннадий Шиповских ва Алишер Сатвалдиев иштирок намуданд.

Иштирокчиён аҳамияти дастгирии системавӣ ва татбиқи марҳилавии ташаббусҳои президентиро, ки ба рушди устувори кишвар нигаронида шудаанд, таъкид намуданд. Ба таъсиси шӯрои Халқии Қазоқистон диққати махсус дода шуд, ки унсури калидии он Ассамблеяи халқи Қазоқистон хоҳад буд, ки маслиҳат, шӯроҳои ҷамъиятӣ, ТҒД ва дигар институтҳои ҷомеаи шаҳрвандиро муттаҳид мекунад.

Қайд намуда шуд, ки шӯрои Халқӣ платформаи нави умумимиллӣ барои муттаҳид намудани таҷрибаи минтақаҳо, иттиҳодияҳои этнофарҳангӣ ва ҷомеаи коршиносон хоҳад буд. Дар ин ҳолат, иқтидори ҷамъшуда ва инфрасохтори AНК дар тӯли 30 сол ба кори он барои таҳкими ваҳдат ва ризоияти ҷамъиятӣ ворид намуда мешавад.

Инчунин, эълон карда шуд, ки 22-юми январ машварати ҷумҳуриявӣ бо иттиҳодияҳои этнофарҳангӣ дар асоси Хонаҳои дӯстӣ дар ҳама минтақаҳо баргузор намуда мешавад. Закирҷон Кузиев изҳори омодагӣ намуд, ки Сенат ислоҳоти Сарвари давлатро дастгирӣ кунад ва таъкид кард, ки таъсиси шӯрои Халқӣ имкониятҳои АНК-ро дар сатҳи умумимиллӣ васеъ мекунад.

Аксҳо: AНК

error: