
Дар Тунис мулокоти Ёрдамчии Президенти Чумхурии Точикистон оид ба робитахои хоричии Чумхурии Точикистон Аъзамшо Шарифи ва Директори генералии ISESCO (Созмони маориф, илм ва фарханги исломи) Салим бин Мухаммад ал-Малик баргузор гардид.
Бино ба иттилоъи Вазорати корхои хоричии Точикистон, дар ин дидор чонибхо дурнамои густариши хамкорихои Точикистон ва ISESCO дар бахшхои илму маориф ва фархангро барраси намуданд. Иштирокчиёни вохури омодагии худро барои амали намудани барномаю лоихахои муштарак дар доираи фаъолияти созмон изхор намуданд.
Кобили зикр аст, ки рузхои 25-26 феврал дар Тунис ичлосияи 45-уми Шурои ичроияи ISESCO баргузор шуд, ки дар чараёни он хамчунин масъалахои кунунии хамкорихои байналмилали дар сохахои маориф, илм ва фарханг барраси шуданд.
Сурат: Вазорати корхои хоричии Точикистон.