МОСКВА, 07 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо». Маъмурияти Доналд Трамп фаъолона акидаи тавсеаи ба истилох “Созишномахои Иброхим” — ро пеш мебарад – ин дафъа аз хисоби Кишвархои Осиёи Маркази.
Тавре Reuters менависад, Вашингтон имкони пайвастани давлатхои минтакаро ба ташаббуси дипломати, ки робитахои наздиктарро бо Исроил дар бар мегирад, барраси мекунад.

Мувофики маълумоти манбаъхои очонси, сухан бештар дар бораи кадами рамзи меравад, ки бо вучуди ин метавонад барои тахкими хамкории иктисоди ва харби – сиёси асос гардад.
Дар айни замон, маълум нест, ки кадом кишвархои минтака дар ин раванд иштирок мекунанд. Департаменти давлатии ИМА аз шарх додан худдори намуд, аммо тасдик намуд: тавсеаи “Созишномахои Иброхим” яке аз вазифахои афзалиятноки Трамп боки мемонад.
ВКХ-и Узбекистон аллакай изхор дошт, ки дар ин бора мурочиати расми нагирифтааст. Ва намояндагони Исроил, Департаменти Давлатии ИМА ва сафорати Казокистон дар Вашингтон дархостхои рузноманигоронро нодида гирифтанд.
Хамаи кишвархои Осиёи Маркази бо Исроил муносибатхои расмии дипломати доранд. Ин робитахо дар аввали солхои 1990-ум, пас аз пошхурии Иттиходи Шурави ва истиклолияти чумхурихои минтака баркарор намуда шуданд.
Яке аз шарикони фаъоли Исроил дар Осиёи Маркази Казокистон боки мемонад. Муносибатхои дипломати байни кишвархо соли 1992 баркарор намуда шуданд. Исроил сафорати худро дар Остона ва Казокистон дар Тел — Авив кушод. Аз он вакт инчониб кишвархо хамкориро дар сохаи кишоварзи, тиб, технологияхои баланд ва энергетика фаъолона рушд медиханд. Гайр аз ин, Казокистон худро хамчун майдончаи муколамаи байни чахони мусулмон ва яхуди муаррифи мекунад.
Узбекистон низ бо Исроил робитахои зич дорад. Аз аввали солхои 1990-ум Тошканд ва Тел-Авив дар сохаи маориф, технология ва кишоварзи мубодилаи фаъол доранд. Чомеаи таърихии яхудиёни бухоро, ки пули байни ду кишвар боки мемонад, чойгохи махсусро ишгол мекунад.
Хатто Туркманистон, ки анъанави бетараф аст ва кам сиёсати фаъоли хоричиро кабул мекунад, бо Исроил робита дорад. Соли 2023 Исроил дар Ашкобод сафоратхона кушод, ки бо назардошти баста будани режими туркманистон кадами мухими дипломати гардид.
Киргизистон ва Точикистон низ соли 1992 бо Исроил робита баркарор намуданд. Ин алокахо мисли хамсояхо фаъол нестанд, аммо дар айни замон катъ намешаванд. Исроил лоихахои фарханги ва башардустонаро дастгири мекунад, алахусус дар сохаи маориф ва тандурусти.
Хамин тарик, муносибатхои дипломати байни Исроил ва Осиёи Маркази зиёда аз 30 сол боз вучуд доранд. Аммо, сатхи хамкори гуногун аст – аз тамосхои расми то хамкории пешрафта. Иштироки эхтимолии кишвархои минтака дар “Созишномахои Иброхим”, ки дар дастаи Трамп гуфта шудааст, метавонад ба ин муносибатхо такони нав бахшад.
Тавре, ки коршиносон кайд мекунанд, пайвастани Кишвархои Осиёи Маркази ба “Созишномахои Иброхим” метавонад маънои огози хамкорихои бештар дар сохаи тичорат, технология, логистика ва амниятро дошта бошад.
Аммо чунин ташаббус метавонад дар худи минтака вокуниши гуногунро ба бор орад, алахусус дар пасманзари масъалаи фаластин, ки барои бисёре аз шахрвандони кишвархои мусулмони мавзуи хассос боки мемонад.
МАЪЛУМОТНОМА: “Созишномахои Иброхим” як силсила шартномахоест дар бораи ба эътидол овардани муносибатхои байни Исроил ва як катор кишвархои араби, ки ИМА дар соли 2020 дар замони президент Трамп огоз намудааст.
Созишномахо аллакай АМА, Бахрайн, Марокаш ва Суданро дар бар мегиранд. Максад сохтани иттифокхои нави минтакави ва кохиш додани танишхо дар Шарки Наздик, сарфи назар аз мунокишаи давомдори фаластин ва исроил.
Аксхо аз манбаъхои кушода