Душанбе, 29 декабр, 2025 – АИ «Корвон Иттилоот». Сафари ҳайати баландпояи эронӣ ба Тоҷикистон бозгӯи афзоиши таваҷҷуҳ ба густариши ҳамкории амалӣ дар соҳаи амният ва ҳифзи ҳуқуқ мебошад. Дар доираи сафари расмӣ 25 декабр фармондеҳи олии неруҳои ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Исломии Эрон Радон Аҳмадризо аз воҳидҳои Фармондеҳии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуд.

Дар ҷараёни сафар ҳайати эронӣ бо фаъолияти Маркази инноватсионии Қӯшунҳои дохилӣ, ки ба ҷорӣ намудани роҳҳалҳои муосири технологӣ дар фаъолияти хизматӣ-ҷангӣ машғул аст, шинос гардид. Таваҷҷуҳи хос ба воҳиди зудамалкунандаи қисми ҳарбии №3502 равона шуд, ки дар он ҷо таҳияҳо ва имкониятҳои техникии навтарини воҳидҳо муаррифӣ гардиданд.
Тибқи иттилои расмӣ, ба меҳмони олимақом намунаҳои техника ва таҷҳизоти махсуси ҳарбӣ, инчунин дастгоҳҳои хурди парвозкунандаи бесарнишин (дронҳо) намоиш дода шуданд. Ҳамзамон, низоми иктишофи ҳавоӣ дар заминаи ҳавопаймои бесарнишин (БПЛА), ки дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ-ҷангии Қӯшунҳои дохилӣ истифода мешавад, таваҷҷуҳи хосро ба худ ҷалб намуд.
Илова бар ин, ҳайати эронӣ машқҳои таълимӣ-тамринии воҳиди зудамалкунандаро мушоҳида кард. Дар ҷараёни машқҳои намунавӣ хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон сатҳи баланди омодагии касбӣ, маҳорати истифодаи силоҳи муосир, усулҳои размии даст ба даст ва ҳамоҳангии амалҳои воҳидҳоро ҳангоми гузаронидани амалиётҳои махсус нишон доданд.

Ба андешаи коршиносон, чунин боздидҳо ба таҳкими эътимод байни сохторҳои қудратии ду кишвар мусоидат намуда, барои табодули таҷриба дар самти муқовимат ба таҳдидҳои муосири амниятӣ замина фароҳам меоранд. Истифодаи технологияҳои бесарнишин ва низомҳои инноватсионии иктишофӣ имрӯз ба яке аз унсурҳои калидии таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва суботи ҷомеа табдил ёфтааст.
Сафари фармондеҳи олии неруҳои ҳифзи ҳуқуқи Эрон ба воҳидҳои Қӯшунҳои дохилии Тоҷикистон аз омодагии ҷонибҳо барои густариши муколамаи касбӣ ва рушди ҳамкории амниятӣ дар сатҳи амалӣ шаҳодат медиҳад.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
