Тенге ба 550 бар ивази доллар кохиш ёфт: Бонки Миллии Казокистон дахолати асъорро огоз намуд – ИА Караван Инфо
Тенге ба 550 бар ивази доллар кохиш ёфт: Бонки Миллии Казокистон дахолати асъорро огоз намуд

Остона, 31 июли соли 2025-АИ «Караван Инфо». Курби Асъори миллии Казокистон, тенге, ба 550 тенге барои як доллари ИМА расид. Ин маънои онро дорад, ки аз аввали мох 5,8% ва аз аввали сол 4,7% заиф шудааст. Дар посух ба ин, Бонки Милли огози дахолати асъорро эълон намуд.

Бонки милли тасмим гирифт, ки дар пасманзари пардохтпазирии нихоят паст дар бозори асъор ва нишонахои фишори пурзури тахмини дахолат кунад.

“Шароити асосии иктисоди мусоид боки мемонад: нархи чахонии нафт пайваста аз 70 доллар барои як баррел зиёд аст, тамоюли кохиши чахонии доллари ИМА идома дорад. Дар робита ба ин, заифшавии кунунии тенге омилхои бунёдиро инъикос намекунад ва ба паст будани арзиши пули милли ишора мекунад” гуфт танзимгари молияви.

Бонки милли таъкид намуд, ки вазъиятро хам дар бозорхои биржави ва хам берун аз биржа бодиккат назорат мекунад. Дар холати зарури, барои пешгирии тагйирёбии ноустувори курби асъор, баркарор намудани тавозуни талабот ва пешниходи асъори хоричи ва таъмини фаъолияти муътадили бозори асъор чорахои фаври андешида мешаванд.

Аксхо: freepik.com

error: