Тезисҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парлумони кишвар «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар» – ИА Караван Инфо
Тезисҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парлумони кишвар «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар»

Паёми Президент — оинаи марҳилаи нави давлатдорӣ

Душанбе, 17 декабр, 2025г. – АИ «Корвон Иттилоот». 16 декабр дар толори Парлумони Тоҷикистон ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид. Дар ин ҷаласаи муҳими сиёсӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми худ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ намуданд.

Паёми имсола дар шароите ироа гардид, ки Тоҷикистон дар остонаи марҳилаи нави рушди давлатдорӣ қарор дорад — марҳилае, ки бо таҳкими истиқлол, амнияти миллӣ, густариши мавқеи байналмилалӣ ва омодагӣ ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ тавсиф меёбад.

Ҳайати иштирокчиён — бозтоби ваҳдати сиёсӣ ва иҷтимоӣ

Дар ҷаласа раёсати ҳарду маҷлиси Парламент, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, Сарвазир ва аъзои Ҳукумат, роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, Академияи миллии илмҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, роҳбарони лоиҳаҳои сармоягузорӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, соҳибкорон, ҷавонони ташаббускор, ҳайати дипломатӣ ва намояндагони васоити ахбори умум иштирок доштанд.

Ин ҳузури фарогир аз ваҳдати сохторҳои давлатӣ, ҷомеа ва бахши хусусӣ дар атрофи ҳадафҳои стратегии миллӣ шаҳодат медиҳад.

Самтҳои калидии сиёсати давлатӣ

Дар Паём Президенти кишвар вазифаҳои мушаххасро барои рушди соҳаҳои калидии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ муайян намуданд. Аз ҷумла, ба пешбурди соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, маорифу илм, фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ, ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ, андозу гумрук, амният ва мудофиа таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Роҳбари давлат таъкид карданд, ки соли 2025 барои мардуми Тоҷикистон боз як соли таърихӣ хоҳад буд — соле, ки бо рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ ва байналмилалӣ ҳамроҳ мегардад.

Рӯйдодҳои сиёсӣ ва дастовардҳои байналмилалӣ

Дар Паём баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун чорабиниҳои калидии сиёсӣ номида шуданд.

Ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон, имзои шартнома бо иштироки Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатӣ, инчунин Эъломияи Хуҷанд дар бораи дӯстии абадӣ аз рӯйдодҳои муҳимми соли 2025 арзёбӣ гардиданд.

Дар сатҳи байналмилалӣ қабули як қатор ташаббусҳои Тоҷикистон, аз ҷумла қатъномаҳо оид ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, нақши зеҳни сунъӣ дар рушди устувори Осиёи Марказӣ, ворид гардидани ёдгориҳои Хутали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ва эълони соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» нишонаи эътирофи ҷаҳонии сиёсати созандаи Тоҷикистон унвон шуд.

Технология, зеҳни сунъӣ ва иқтисоди оянда

Сарвари давлат ба рушди босуръати технологияҳои рақамӣ ва имкониятҳои зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, таъкид карданд, ки истифодаи самараноки онҳо бояд ба манбаи нави рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил ёбад.

Дар баробари ин, саҳми бахши хусусӣ дар рушди иқтисод муҳим арзёбӣ шуда, ба Ҳукумат дастур дода шуд, ки дастрасии соҳибкоронро ба захираҳо, хизматрасониҳои давлатӣ, маблағгузории арзон, технология ва дониш осон намояд.

Ислоҳоти андоз ва дастгирии соҳибкорӣ

Бо дарназардошти идомаи ислоҳот ва тақвияти фазои соҳибкорӣ, Ҳукумат вазифадор гардид, ки Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026–2030-ро қабул ва татбиқ намояд. Ҳамчунин, таъсиси Фонди кафолати қарзҳо барои беҳтар кардани дастрасии соҳибкорони истеҳсолӣ ба қарзҳои дарозмуддат пешниҳод шуд.

Иқтисод, иҷтимоёт ва инсон — меҳвари Паём

Дар Паём рушди саноат, энергетика, кишоварзӣ ва нақлиёт, татбиқи лоиҳаҳои бузург ва барномаҳои стратегӣ таҳлил гардид. Ҳамзамон, ба масъалаҳои иҷтимоӣ — маориф, тандурустӣ, фарҳанг, занон, ҷавонон ва варзиш таваҷҷуҳи хос зоҳир шуд.

Аз ҷумла, пешниҳод гардид, ки Маркази омӯзиши пиряхҳо ба Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфера табдил дода шавад, инчунин дар Душанбе Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз таъсис ёбад.

Баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ — ҳадафи олӣ

Президенти кишвар дастур доданд, ки аз 1 сентябри соли 2026 маоши кормандони соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ, варзиш ва дигар муассисаҳои буҷетӣ то 25 фоиз зиёд карда шавад. Стипендияҳо, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ низ 20 фоиз афзоиш меёбанд.

Ҳамзамон, нафақаҳо ва иловапулиҳои иҷтимоӣ на камтар аз 15 фоиз индексатсия карда мешаванд. Ба таъкиди Сарвари давлат, беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум ҳадафи олии давлат боқӣ мемонад.

35-солагии истиқлол — рамзи худшиносии миллӣ

Соли 2026 ҳамчун соли ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ таърихӣ арзёбӣ гардид. Аз 29 ҳазор иншооти ба нақша гирифташуда, 26 ҳазор аллакай ба истифода дода шудаанд, ки аксари онҳо бо саҳми соҳибкорон ва шаҳрвандон бунёд шудаанд.

Бо ин асос, пешниҳод шуд, ки соли 2026 — Соли вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон гардад.

Дар фароварди сухан, Пешвои миллат бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми тоҷик минбаъд низ бо ваҳдату ҳамбастагӣ барои рушди Тоҷикистон ва ободии Ватани азиз заҳмат хоҳанд кашид.

Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо санади сиёсӣ, балки харитаи роҳ барои ояндаи устувор, соҳибистиқлол ва пешрафтаи кишвар арзёбӣ мегардад.

АКС: Хадамоти матбуоти Прзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

error: