Тоҷикистон ба кишварҳои узви СҲШ пешниҳод кард, интиқоли борро сода гардонанд – ИА Караван Инфо
Тоҷикистон ба кишварҳои узви СҲШ пешниҳод кард, интиқоли борро сода гардонанд

Тоҷикистон ба кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) пешниҳод намуд, ки ба созишнома дар бораи содда кардани нақлиёти боркаш ҳамроҳ шаванд, ки метавонад ба иқтисодиёти ҳам Тоҷикистон ва ҳам кишварҳои дигари минтақа таъсири мусбат расонад.

Беҳтар сохтани робитаҳои нақлиётӣ ва логистикӣ метавонад даромади давлатҳоро афзоиш диҳад, ҷойҳои нави корӣ эҷод кунад ва датрасӣ ба бозорҳои байналмилалиро таъмин намояд.

Дар ин бора 3 сентябр Портали интернетии ИДМ www.e-cis.info мавод ба нашр расондааст.

Дар хабар омадааст, ки навъи асосии интиқоли бор дар Тоҷикистон нақлиёти автомобилӣ мебошад, ки 95 фоизи ҳаҷми умумии боркашонриро амалӣ мекунад.Дар ду соли оянда кишвар ба нақша гирифтааст, ки 317 километр роҳҳои байналмилалии автомобилгардро ба истифода диҳад. Ин имкон медиҳад, ки Тоҷикистон ба яке аз муҳимтарин марказҳои шабакаи нақлиёти автомобилӣ дар Осиёи Марказӣ табдил ёбад.

Созишномаи миёни Тоҷикистону Туркманистон дар бораи додани имтиёзҳо ба мошинҳои боркаши Тоҷикистон метавонад мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари транзитӣ мустаҳкам намояд. Ин ба ширкатҳои Русия имкон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун маркази тиҷоратӣ барои дастрасӣ ба бозорҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ истифода баранд.

 Даҳ хатсайри муайяншудаи тиҷоратию транзитие, ки аз қаламрави Тоҷикистон мегузаранд, долонҳои муҳими нақлиётӣ маҳсуб меёбанд. Сохтмони маҷмааҳои логистикӣ дар ин хатсайрҳо метавонад аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистонро ҳамчун маркази нақлиётӣ афзоиш диҳад.

 Созишномаи «Агроэкспресс» метавонад мӯҳлати интиқоли маҳсулоти кишоварзиро ба Туркия, кишварҳои ИДМ ва Чин суръат бахшад. Ба ин хидматгузорӣ пайвастани Тоҷикистон  шароит фароҳам меорад, ки борҳои  маҷмааи агросаноатӣ зудтар  интиқол дода шаванд.

Тоҷикистон бо истифода аз долони «Шимол-Ҷануб» ва интиқоли транзитии борҳо аз Чин ва Афғонистон ба қаламрави Покистон, Русия ва кишварҳои Қафқоз даромад ба даст оварда метавонад.

 Ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан байни Тоҷикистону Русия метавонад барои Тоҷикистон ба роҳи оҳани кишварҳои дигар роҳ  боз кунад.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 июли соли равон дар Остона зимни суханронӣ дар мулоқоти «СҲШ – плюс» давлатҳои нозир ва давлатҳои шарики муколамаро даъват намуданд, ки ба Созишномаи СҲШ дар бораи фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ҳамроҳ шаванд. 

Мавриди зикр аст, ки ин санади калидӣ дар соҳаи нақлиёт барои ҳамроҳшавии дигар кишварҳо боз буда, дар доираи саммити СҲШ дар Душанбе соли 2014 ба имзо расидааст. Созишнома ташкили системаи нави иҷозатдиҳии интиқоли борҳоро тавассути хатсайрҳои автомобилӣ дар назар дорад.

АКС: Вазорати нақлиёти ҶТ

error: