Душанбе, 25 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 22 сентябри соли 2025 дар Тоҷикистон бо ташаббуси Бонки аврупоии Бозсозӣ ва Рушд маросими тантанавии оғози ташаббуси ҷаҳонии «Кодекси маблағгузории занони соҳибкор» (WE Finance Code) баргузор гардид. Ин рӯйдод марҳалаи муҳим дар пешбурди ҳуқуқҳои иқтисодии занон ва дастгирии соҳибкории бонувон дар кишвар ба шумор меравад.

Иқдом бо Барномаи давлатии дастгирӣ ва рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2027 пайванди зич дорад. Шарикони миллӣ дар доираи ин ташаббус Агентии омор ва Бонки миллии Тоҷикистон мебошанд.
Дар ҷараёни маросим шаш муассисаи пешбари молиявии кишвар — «Амонатбанк», Бонки «Арванд», «Бонки Эсхата», «ИМОН Интернэшнл», «Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон» ва «Хумо Банк» — аввалин имзокунандагони кодекс гардиданд. Онҳо омодагии худро барои дастгирии соҳибкории занон ва фароҳамсозии шароити мусоид дар бахши маблағгузорӣ иброз намуданд.
Ҷузъи асосии ташаббус Панели иттилоотии таҳлилӣ (АИТ) мебошад, ки дар маросим муаррифӣ гардид. Панел воситаи муҳими қабули қарорҳои стратегии давлатӣ ва рушди сиёсати дастгирии соҳибкории занон маҳсуб меёбад.
АИТ маълумоти гуногунҷабҳаеро ҷамъоварӣ мекунад, ки аз ҷониби Агентии омор, Бонки миллӣ, Кумитаи андоз, бюроҳои қарзӣ ва дигар сохторҳо пешниҳод мегардад. Маълумот аз рӯи нишондодҳои ҷинсӣ, минтақавӣ, соҳаӣ, шакли моликият, андозаи тиҷорат, инчунин нишондиҳандаҳои қарзӣ, гаравӣ ва депозитӣ тақсим шудааст.
Дар оянда имкониятҳои панел тадриҷан васеъ гардида, ба мақомоти давлатӣ, ҷомеаи соҳибкорӣ ва шарикони байналмилалӣ абзорҳои мукаммали қабули қарорҳоро пешниҳод хоҳад кард. Назорат ва идораи АИТ бо Агентии омор бо дастгирии техникии БАБР вогузор шуда, дастрасӣ ба он тавассути сомонаи расмии агентӣ таъмин мегардад.
Иқдоми WE Finance Code талошҳои 14 кишвари пешрафтаи ҷаҳон ва 8 созмони байналмилалии рушд-ро муттаҳид менамояд. Барнома ба афзоиши дастрасӣ ба маблағгузорӣ, ҷорӣ намудани воситаҳои муосири таҳлили миллӣ ва тақвияти иқтидори ташкилотҳои қарзӣ тавассути мубодилаи таҷрибаи байналмилалӣ равона шудааст.

Пайвастани Тоҷикистон ба ин ташаббус далели устувори иродаи кишвар дар таҳкими нақши занон дар иқтисод ва фароҳамсозии имкониятҳои баробар мебошад, ки дар ниҳоят ба рушди устувори ҷомеа мусоидат хоҳад кард.
АКС: Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд
