Душанбе, 06 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳое ба ҳисоб меравад, ки сатҳи пасттарини партови газҳои карбонатӣ доранд. Ин натиҷаи сиёсати устувори кишвар дар самти гузариш ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия мебошад.

Ин мавзуъ яке аз меҳварҳои муҳими мизи мудаввари Агентии байналмилалии манбаъҳои барқароршавандаи энергия (IRENA) зери унвони «Тезонидани татбиқи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Осиёи Марказӣ» буд, ки дар доираи Kazakhstan Energy Week — 2025 баргузор гардид.
Мизи мудаввар дар доираи ташаббуси APRECA (Шарикии тезонидашуда барои неруи барқароршаванда дар Осиёи Марказӣ) баргузор шуд. Ширкаткунандагон роҳҳои амалӣ намудани секарата зиёд кардани иқтидори манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ то соли 2030-ро баррасӣ карданд.
Дар маркази таваҷҷуҳ — рушди инфрасохтор, ҳамгироии минтақавӣ, таҳияи заминаи қонунгузорӣ, ҷалби сармоя ва рушди истеҳсоли дохилӣ қарор дошт.
Вазир оид ба энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ таъкид намуд, ки кишвар дорои захираҳои бузурги табиӣ барои рушди энергетикаи барқароршаванда мебошад ва аллакай яке аз пешсафони минтақа дар ин самт аст:
«Мутобиқи стратегияи дарозмуддати рушд, ҷумҳурӣ нақша дорад, ки то соли 2032 пурра ба истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия гузарад. Айни ҳол тақрибан 98 дарсади неруи барқ дар кишвар аз неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад. Бо шарофати ин, Тоҷикистон ба қатори кишварҳое дохил мегардад, ки сатҳи партови газҳои карбонатии онҳо аз ҳама паст аст. Ҳадафи дурнамоии Тоҷикистон — расидан ба мақоми пурра “сабз” то соли 2037 мебошад».
Дар поёни мизи мудаввар ҷонибҳо омодагии худро барои тақвияти ҳамкории минбаъда, табодули таҷриба ва донишҳои пешрафта, ҳамчунин барои таҳкими амнияти энергетикии минтақа изҳор доштанд.
Тоҷикистон бо доштани иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ метавонад ба ҳалқаи асосии шабакаи “сабзи” энергетикии Осиёи Марказӣ табдил ёбад.
Акс: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон