Тоҷикистон — ҷонибдори фаъол ва боэътимоди ЮНЕСКО: ҳайати расмии кишвар дар кори Конфронси генералии ташкилот дар Самарқанд иштирок дорад – ИА Караван Инфо
Тоҷикистон — ҷонибдори фаъол ва боэътимоди ЮНЕСКО: ҳайати расмии кишвар дар кори Конфронси генералии ташкилот дар Самарқанд иштирок дорад

Душанбе, 01 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ, Раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО муҳтарам Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Самарқанд баргузор гардидааст, иштирок дорад. Дар ин бора АИ «Корвон Иттилоот» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Маросими ифтитоҳи ҷаласа таҳти роҳбарии Президенти иҷлоси 42-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО баргузор шуда, дар оғози он Мудири кулли ЮНЕСКО Одре Азуле ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба ҳайси кишвари мизбон суханронӣ намуданд. Дар суханрониҳо аҳамияти рушди ҳамкорӣ миёни кишварҳо дар соҳаи маориф, илм ва фарҳанг ҳамчун омили муҳими таҳкими сулҳу субот дар ҷаҳон таъкид гардид.

Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали истиқлолияти давлатӣ ба фаъолияти ЮНЕСКО фаъолона пайваст шуда, дар замони нав бо ташаббусҳои байналмилалии худ мавқеи арзандаи хешро дар ин созмон устувор кардааст.

Бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, як қатор ташаббусҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла Эълони Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (2005–2015) ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018–2028) бо дастгирии СММ ва ЮНЕСКО амалӣ мешаванд.

Ин ташаббусҳо на танҳо обрӯи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боло бурданд, балки ҳамчунин барои таҳкими ҳамкориҳои кишвар бо созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ЮНЕСКО, саҳми назаррас гузоштанд.

Ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНЕСКО имрӯз бахшҳои гуногунро дар бар мегирад:

  • Ҳифзи мероси фарҳангӣ ва таърихӣ, аз ҷумла ворид шудани ёдгориҳои нодир ба Феҳристи ҷаҳонии мероси ЮНЕСКО;
  • Рушди илм ва маориф, аз ҷумла дастгирии барномаҳои таълимӣ, таҳқиқоти илмӣ ва рушди технологияи рақамӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ;
  • Пешбурди баробарии гендерӣ ва нақши ҷавонон дар таҳкими сулҳу рушди устувор;
  • Ҳифзи муҳити зист ва идоракунии устувори захираҳои об.

Дар кори ҷаласаи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО, ки то 13 ноябри соли 2025 идома меёбад, сарони давлату ҳукуматҳо, роҳбарони ташкилотҳои байналмилалӣ, коршиносони соҳа ва намояндагони доимии кишварҳои узв иштирок доранд.

Дар рӯзҳои кори конференсия баррасии масъалаҳои калидӣ, аз ҷумла нақши маориф дар рушди устувор, ҳифзи мероси моддию ғайримоддӣ, истифодаи масъулионаи зеҳни сунъӣ ва нақши илм дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ дар назар дошта шудааст.

Бо назардошти сиёсати босуботи фарҳангиву маърифатии давлат, Тоҷикистон аз минбари ЮНЕСКО ҳамеша пайрави арзишҳои сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии фарҳангҳо будааст.

Ин сиёсат ифодаи возеҳи ҳадафҳои стратегии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки пайваста таъкид мекунанд:

«Ҳифз ва эҳёи фарҳанги миллӣ, рушду тавсеаи илму маориф ва муаррифии арзишҳои башардӯстонаи миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ — вазифаи муқаддаси мост».

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

error: