Душанбе, 11 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Тоҷикистон нақши фаъол ва муассирро дар ташаккули рӯзномаи ҷаҳонии иқлимӣ идома медиҳад. Дар заминаи афзоиши мушкилоти тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳои Осиёи Марказӣ, кишвар ҳамчун пешсафи муколамаи байналмилалӣ оид ба ҳифзи захираҳои об ва таъмини рушди устувор баромад менамояд. Ширкати фаъоли ҳайати Тоҷикистон дар Сессияи 30-уми Конфронси тарафҳои Конвенсияи чаҳонии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (СОР-30), ки дар шаҳри Белен (Бразилия) баргузор гардид, далели равшани ин аст.

Дар саммити роҳбарон раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо изҳороти расмӣ баромад намуда, ташаббусҳои муҳими байналмилалии кишварро дар соҳаҳои иқлим, об ва ҳифзи пиряхҳо муаррифӣ кард.
Вай ёдовар шуд, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29–31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифз ва муҳофизати пиряхҳо баргузор гардид.
Ин ҳамоиш ба минбари таърихии ҳамфикрии ҷаҳонӣ дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва пешгирии обшавии онҳо табдил ёфт — падидае, ки имрӯз ба яке аз хатарҳои ҷиддии иқлими сайёра табдил шудааст.
Баҳодур Шерализода таъкид намуд, ки Тоҷикистон нахустин кишварест, ки масъалаи ҳифзи пиряхҳоро ба сатҳи ҷаҳонӣ баровардааст, то онро дар меҳвари рӯзномаи иқлими байналмилалӣ қарор диҳад.

Бо вуҷуди саҳми ночизи кишвар дар партови газҳои гулхонаӣ, Тоҷикистон ба ӯҳдадориҳои худ дар доираи Созишномаи Париж содиқ монда, пайваста амалҳои мушаххасро барои таҳкими устувории иқлим ва кам кардани хавфҳои табиӣ амалӣ менамояд.
Раиси Кумита ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар доираи Барномаи давлатии сабзгардонии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040 дар кишвар шинонидани тақрибан ду миллиард дарахт пешбинӣ шудааст.
Ин барнома на танҳо аҳамияти экологӣ, балки арзиши иҷтимоӣ низ дорад — он ба беҳтар шудани сифати ҳаво, ҳифзи гуногунрангии биологӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар манотиқ мусоидат мекунад.
Суханронии намояндаи Тоҷикистон дар СОР-30 бори дигар нишон дод, ки кишвар дар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи иқлим ва экология нақши фаъол мебозад.
Тоҷикистон, ки беш аз 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Марказиро доро аст, пайваста масъалаи истифодаи оқилонаи об, ҳифзи пиряхҳо ва рушди сабзро ҷонибдорӣ мекунад.
Бо пешбурди арзишҳои адолати иқлимӣ ва масъулияти умумибашарӣ, Тоҷикистон имрӯз садои таъсиргузори кишварҳои рӯ ба рушд дар мубориза барои ояндаи устувори сайёра ба шумор меравад.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳми Тоҷикистонро дар рушди дипломатияи ҷаҳонии иқлимӣ ҳарчи бештар эътироф менамояд. Ташаббуси Душанбе оид ба таъсиси Сандуқи ҷаҳонӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки аз ҷониби як қатор кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дастгирӣ ёфтааст, саҳифаи наверо дар ҳамкориҳои ҷаҳонӣ боз менамояд.
Ин сохтор ба ҳайси механизми маблағгузории таҳқиқоти илмӣ, лоиҳаҳои мониторинг ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ амал хоҳад кард, ки ҳадафи он коҳиши суръати обшавии пиряхҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мебошад.
Ҳамин тариқ, Тоҷикистон на танҳо сарватҳои табиии худро ҳифз мекунад, балки саҳми воқеӣ дар ташаккули низоми ҷаҳонии масъулияти экологӣ мегузорад, ки дар он рушди устувор ва ҳамбастагӣ ба арзишҳои асосӣ табдил ёфтаанд.
Акс: Кумитаи ҳифзи муҳити зист назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
