Тоҷикистон то соли 2029 истифодаи гидрофторуглеродҳоро 70 фоиз коҳиш медиҳад – ИА Караван Инфо
Тоҷикистон то соли 2029 истифодаи гидрофторуглеродҳоро 70 фоиз коҳиш медиҳад

Душанбе, 15 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Тоҷикистон тасмим гирифтааст истифодаи гидрофторуглеродҳо — моддаҳое, ки асосан дар системаҳои хунуккунӣ ва кондитсионерӣ истифода мешаванду ба гармшавии глобалӣ таъсири ҷиддӣ доранд, ба таври назаррас коҳиш диҳад. Тибқи нақша, то соли 2029 ҳаҷми истифодаи онҳо дар кишвар 70 фоиз кам карда мешавад.

Созишномаи татбиқи лоиҳаи марбут дар ин самт байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) ба имзо расид. Лоиҳа бо маблағгузории Фонди глобалии экологӣ амалӣ гардида, ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии иқлимии Тоҷикистон равона шудааст.

Ин ташаббус дар доираи Ислоҳи Кигалии Протоколи Монреалӣ роҳандозӣ мегардад, ки яке аз санадҳои муҳими байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи иқлим ва қабати озон ба ҳисоб меравад. Санад гузариши марҳилавиро аз гидрофторуглеродҳо ба технологияҳои барои иқлим бехатар пешбинӣ мекунад.

Интизор меравад, ки татбиқи лоиҳа ба коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ, баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои устувору экологӣ дар бахшҳои гуногун мусоидат намояд. Ҳамзамон, таҳкими иқтидори техникӣ ва институтсионалӣ дар соҳаи хунуккунӣ аз самтҳои калидии лоиҳа хоҳад буд.

Мутахассисон бар ин назаранд, ки барои Тоҷикистон, ки худро ҳамчун кишвари дорои иқтисоди «сабз» муаррифӣ мекунад, ин иқдом аҳамияти стратегӣ дошта, мавқеи онро дар арсаи байналмилалии экологӣ боз ҳам тақвият мебахшад.


АКС: t.me/tajnature

error: