Душанбе, 02 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осими ва Донишгоҳи технологӣ дар конфронси байналмилалӣ, ки аз 26 то 28 сентябр дар музофоти Сиань (Чин) баргузор шуд, иштирок намуданд.

Дар конфронс пешниҳод гардид, ки «Иттиҳоди ягонаи ҳамгироии донишгоҳҳо, корхонаҳои истеҳсолӣ ва тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин» таъсис дода шавад. Ҳадафи ташаббус татбиқи дастовардҳои илмии ҳар ду кишвар дар соҳаи истеҳсолот ва тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи илм, таҳсил ва саноат мебошад.
Таъсиси чунин иттиҳодият имкон медиҳад:
- ташкили институтҳо ва платформаҳо барои ҳамкории мунтазам;
- ба назар гирифтани эҳтиёҷоти мутақобил дар илм, таҳсил ва истеҳсолот;
- ташкил ва рушди мубодилаи академӣ ва илмӣ байни донишҷӯён, магистрҳо, аспирантҳо ва кормандони илмӣ.
Интегратсияи донишҳо, технологияҳо ва таҷриба заминаи ҳамкории дарозмуддат байни Тоҷикистон ва Чинро фароҳам меорад ва ба рушди иқтисоди инноватсионӣ ва тавонмандии касбии ҷавонон мусоидат мекунад.
ФОТО: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон