Точикистон афзалиятхои хамкории саноатиро дар ИДМ ташаккул медихад: инноватсия, кластерхо ва содирот – ИА Караван Инфо
Точикистон афзалиятхои хамкории саноатиро дар ИДМ ташаккул медихад: инноватсия, кластерхо ва содирот

Душанбе, 9 июн, АИ Караван Инфо.  “Кишвархои Иттиходи Давлатхои Мустакил дорои иктидори назарраси саноати, захирахои бойи маъдани ва ашёи хом, бозори калон, инчунин заминаи рушдёфтаи истехсоли ва илмию техники мебошанд” гуфт Вазири саноат ва технологияхои нави Чумхурии Точикистон Шерали Кабир санаи 4 июн дар чаласаи Шурои Сиёсати саноатии ИДМ.

Дар Консепсияи раёсати Точикистон дар ИДМ, ки аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон тасдик шудааст, ба рушди бахши вокеии иктисодиёт, аз чумла саноат диккати аввалиндарача дода шудааст.

“Дар рафти раиси мо барои рушди сохахои афзалиятнок ва чори намудани технологияхои нав, навсозии истехсолот ва табодули тачрибаи пешкадам саъю кушиши зиёд ба харч медихем”, — таъкид намуд Шерали Кабир.

Мувофики консепсия, ба тайёр намудани кадрхои баландихтисос, ташаккули кластерхои самараноки истехсоли диккати махсус дода мешавад, ки имкон медихад, ки хачми истехсол ва содироти махсулоти инноватсиони ва ракобатпазир бо арзиши баланди иловашуда, ки ба бозорхои дохилии ИДМ ва содирот ба кишвархои сеюм нигаронида шудааст, зиёд карда шавад.

Хамин тарик, Точикистон фаъолона хамкории саноатиро дар доираи ИДМ пеш бурда, ба навовари ва рушди устувор диккат медихад.

АКСХО: Хадамоти Матбуоти Президенти Чумхурии Точикистон

error: