Санаи 29-30 январ дар Эр-Риёд конфронси дуюми байналмилали оид ба бозори мехнат баргузор шуд, ки дар он хайати Точикистон иштирок намуд.

Дар доираи чорабини мулокоти вазирони давлатхои хоричи баргузор гардид, ки дар он вазири мехнат, мухочират ва шугли ахолии Точикистон Солех Холмахмадзода дар мавзуи “карорхои Инноватсиони барои баланд бардоштани шугли чавонон дар бозори мехнат” суханрони намуд. Конфронс ба масъалахои асоси, аз чумла танзими бозори мехнат, равандхои мухочират, тавсеаи шугли самаранок ва омодагии касбии ахоли дахл намуд.

Рушди бозори мехнат ва таъсиси чойхои кории арзанда авлавияти сиёсати Хукумати Точикистон боки мемонад. Президенти мамлакат Эмомали Рахмон дар Паёми худ ба Мачлиси Оли аз 23 декабри соли 2022 ба идорахои дахлдор супориш дод, ки то соли 2026 тамоми захирахои мавчударо барои чалби шахрвандони аз 18-сола боло ба тахсили касби ва шугл истифода баранд.
Аксхо: аз манбаъхои кушода