Точикистон дар озмуни “Навруз Гузэле 2025” дар Тотористон голиб омад – ИА Караван Инфо
Точикистон дар озмуни "Навруз Гузэле 2025" дар Тотористон голиб омад

Точикистони Хуснура Таирова дар озмуне, ки дар доираи чашни Чумхуриявии Навруз баргузор шуд, унвони “Мисс Навруз Гузэле 2025” – ро ба даст овард, хабар медихад шурои Чамъиятии назди сафорати ЧТ дар Русия.

Кайд намуда мешавад, ки озмун дар хаёти фархангии кишвар руйдоди дурахшон гардид: иштирокчиён на танхо зебоии худро, балки махорат, эхтиром ба анъанахо ва фарханги халкхои худро нишон доданд.

Хуснура дар либоси миллии дурахшон бо чаканхои духташуда баромад менамуд.

Хуснура Таирова барои харизма, истеъдод ва эхтироми амики худ ба анъанахои милли ба унвони фахри мушарраф гардид. Галабаи у идомаи мантикии рохи у дар чахони санъат буд, зеро каблан у худро дар нимфинали озмун нишон дода буд, ки дар он чо унвони “Мисс Талант” – ро ба даст овард”, – гуфта мешавад дар хабари шурои Чамъияти.

Шуро илова намуд, ки баромадхои Хуснура дар сахна хамеша намунаи равшани муттахидшавии санъат ва анъанахо буданд, ки тамошобинон ва аъзои хакамонро ба хайрат меоварданд. Ин муваффакият барои Хуснура Таирова на танхо дар фаъолияти шахсии у, балки дар пешбурди фарханги точик ба аудиторияи русия кадами мухим буд.

Духтарак дар донишгохи федералии Казон тахсил мекунад ва дар чорабинихои фарханги ва чамъияти фаъолона иштирок мекунад.

Аксхо: аз манбаъхои кушода

error: