Душанбе, 17 июн, – АИ «Караван инфо». Хайати Точикистон дар форуми байналмилалии Иктисодии Петербург (ПМЭФ-2025), ки аз санаи 18 то 21 июн дар Санкт-Петербург баргузор мешавад, иштирок мекунад. Иштирок дар форум метавонад на танхо робитахои иктисодии чумхуриро бо шарикони байналмилали таквият бахшад, балки платформаи нави муколамаи гайрирасмии минтакави гардад, алахусус дар партави вазъи тагйирёбанда дар Афгонистони хамсоя.

Тавре дар хадамоти матбуоти Сафорати Точикистон дар Русия иттилоъ доданд, дар хайати гурух раиси Кумитаи сармоягузори ва идораи амволи давлати Султон Рахимзода, муовини Вазири рушди иктисод ва савдо Рухшона Насриддинзода ва директори Генералии КДФ “Точинвест” Дилшод Чуразода шомил хоханд шуд.
Форуми байналмилалии иктисодии Петербург аз соли 1997 ва аз соли 2006 тахти сарпарастии Президенти Русия гузаронида мешавад. Дар ин сол мавзуи марказии ПМЭФ Арзишхои Умуми асоси рушд дар чахони бисёркутби мебошад. Тавре котиби масъули кумитаи ташкили Антон Кобяков хабар дод, иштироки худро намояндагони зиёда аз 140 кишвар ва каламрав тасдик намуданд.
Чорабинии калидии форум чаласаи умуми бо иштироки Президенти Русия Владимир Путин хохад буд, ки 20 июн ба накша гирифта шудааст. Дар сахрохои чорабини хайати Точикистон низ фаъолият хохад намуд, ки дар рузномаи он масъалахои сармоягузори ва мухочират зикр шудаанд.
Ба гуфтаи Раиси шурои тичоратии точикистону русия Мухаммад Сурхов, иштирок дар ПМЭФ барои Точикистон дурнамои густариши робитахои иктисодиро боз мекунад ва метавонад ба ташкили муколамаи гайрирасми бо кишвархои хамсоя, аз чумла дар мавзуи Афгонистон мусоидат кунад.
“ПMЭФ метавонад як пояи мухим барои мухокимаи амнияти минтакави дар мухити гайрирасми ва созанда бошад. Барои Точикистон хамчун хамсояи наздиктарини Афгонистон мусоидат ба сулху субот дар ин давлат мухим аст”, — таъкид намуд Сурхов.
Тибки иттилои расонахо, хайати Макомоти муваккатии Афгонистон низ ба форум омада, ба изхороти Президенти Русия муносибати мусбат зохир намуда, ахамияти хамкори бо Москваро барои ояндаи кишвар таъкид намуданд.
Аксхо: аз манбаъхои кушода