Точикистон дар шаш мох беш аз 613 хазор тонна гандум ба маблаги 143,6 миллион доллар ворид намудааст. – ИА Караван Инфо
Точикистон дар шаш мох беш аз 613 хазор тонна гандум ба маблаги 143,6 миллион доллар ворид намудааст.

Душанбе, 11 август, – АИ «Караван инфо». Дар шаш мохи аввали соли 2025 ба Точикистон 613,3 хазор тонна гандум ба маблаги умумии 143,6 миллион доллари ИМА ворид карда шуд. Дар ин бора дар хадамоти Зиддиинхисории назди Хукумати Чумхурии Точикистон хабар дода шуд.

Дар амалиёти воридоти 66 субъекти хочагидор иштирок намуданд. Тахвили гандум нисбат ба хамин давраи соли 2024 149,6 хазор тонна афзоиш ефтааст.

Дар баробари ин, дар худи чумхури дар хамон давра дар хамаи категорияхои хочагихо 579 хазор тонна гандум истехсол намуда шуд, ки нисбат ба соли гузашта 2,8 хазор тонна зиёд аст.

Илова бар ин, ба кишвар 24,4 хазор тонна орд ба маблаги 7,4 миллион доллари ИМА аз Казокистон, Русия, Узбекистон, Туркия ва Италия ворид намуда шуд.

Тибки маълумоти идора, истехсоли орд дар дохили кишвар дар ним сол 303,6 хазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба моххои январ — июни соли 2024 40,8 хазор тонна зиёд аст.

АКСХО: аз манбаъхои кушода

error: