Душанбе, 9 июн, АИ Караван Инфо. Дар Чаласаи нухуми кумитаи Идоракунандаи Барномаи Глобалии хифзи паланги барфи ва экосистемахои он (GSLEP), ки санаи 5-6 июн дар Чолпон-Ата (Киргизистон) баргузор гардид, Точикистон ташаббуси густариши хамкорихои байналмилалиро дар сохаи хифзи ин намуди нодир ва мухити зисти табиии он ба миён овард.

Тавре, ки Кумитаи хифзи мухити зисти назди Хукумати Чумхурии Точикистон хабар дод, дар чорабини вазирони хифзи мухити зисти кишвархои паланги барфи, инчунин намояндагони созмонхои байналмилали ва ниходхои молияви ширкат варзиданд.
Иштирокчиён чараёни татбики эъломияи Бишкекро тахлил намуданд, кадамхои афзалиятноки хифзи экосистемахоро мухокима намуданд ва эхтиёчоти мубрами захирахо ва дастгирии мутобикшави ба тагйирёбии иклимро муайян намуданд.
Раиси Кумита Баходур Шерализода таъкид дошт, ки Точикистон ба хамохангсозии талошхо бо дигар кишвархо ва шарикони байналмилали барои хифзи паланги барфи ахамияти мухим медихад. Вай даъват намуд, ки хамкори, табодули тачриба ва чалби сармоягузори барои нигох доштани гуногунии беназири биологии минтака амиктар намуда шавад.
Дар доираи чаласа Баходур Шерализода як катор вохурихои дучонибаро бо Вазири захирахои табии ва экологияи Киргизистон Медер Машиев, президенти Иттиходи хифзи табиат ва гуногунии биологии Олмон NABU Йорг — Андреас Крюгер, мушовири техникии минтакавии БРСММ Моника Лиана Молдован ва дигар намояндагони созмонхои байналмилали баргузор намуд.
Дар рафти ин вохурихо тадбирхои мушаххас оид ба табодули дониш миёни мутахассисон, дастгирии ташаббусхои илми ва сафарбар намудани захирахои байналмилали барои хифзи гуногунии биологии Точикистон ва тамоми Осиёи Маркази мавриди барраси карор дода шуданд.
АКСХО: Кумитаи хифзи мухити зисти назди Хукумати Чумхурии Точикистон