Точикистон фарханги худро дар озмуни байналмилалии Мусикии “Интервидение” дар Москва муаррифи хохад намуд – ИА Караван Инфо
Точикистон фарханги худро дар озмуни байналмилалии Мусикии "Интервидение" дар Москва муаррифи хохад намуд

Душанбе, 13 июн, АИ «Караван Инфо» Точикистон иштироки худро дар озмуни байналмилалии Мусикии “Интервидение”, ки 20 сентябри соли 2025 дар маркази консертии “Live Arena” дар Москва баргузор мешавад, расман тасдик намуд.

Дар чорабинии бонуфузи мусики намояндагони 20 кишвари чахон, аз чумла Озарбойчон, Белорус, Венесуэла, Ветнам, Миср, Хиндустон, Казокистон, Катар, Чин, Колумбия, Куба, Киргизистон, Аморати Муттахидаи Араб, Русия, Арабистони Сауди, Сербия, ИМА, Узбекистон ва Чумхурии Африкои Чануби ширкат хоханд намуд.

Озмуни «Интервидении» яке аз бузургтарин платформахои байналмилали барои намоиши истеъдоди мусики ва гуногунии фарханги хисобида мешавад. Иштироки Точикистон дар ин озмун кадами мухим дар пешбурди фарханги милли дар арсаи чахони ва тахкими робитахои фарханги бо дигар кишвархо мебошад.

Ташкилкунандагон интизори намоишхои дурахшон ва ракобати баланд мебошанд, ки ба хунармандони боистеъдод аз кишвархои гуногун имкон медиханд, ки махорати худро нишон диханд ва мардумро бо анъанахои беназири мусики шинос кунанд.

Аксхо: аз манбаъхои кушода

error: