Точикистон фарханги худро дар Русия муаррифи мекунад – ИА Караван Инфо
Точикистон фарханги худро дар Русия муаррифи мекунад

Вазири фарханг Матлубахон Сатториён дар нишасти матбуоти дар бораи накшахои баргузории чорабинихои фарханги дар Русия сухан гуфт. Вазири фарханги Точикистон эълон намуд, ки соли 2025 дар Русия Рузхои фарханги Точикистон баргузор мешаванд.

Илова бар ин, чониби точикистон ба намояндагони русия барои иштирок дар чорабинихои фарханги, ки дар каламрави Точикистон баргузор мешаванд, даъват фиристод.

Кобили зикр аст, ки солхои охир Рузхои фарханги Точикистон ва тачлили Навруз дар Русия бо муваффакияти зиёд баргузор мешаванд. Одатан, ин чорабинихо консертхои васеъмикёсро бо ичрои мусики ва раксхои точики, инчунин намоишгоххои хунархои мардуми ва асархои рассомони точик дар бар мегиранд, ки таваччухи васеи тамошобинони русияро чалб мекунанд.

Ин чорабинихои фарханги дар таргиби мероси бойи мардуми точик накши мухим доранд ва ба тахкими робитахои фархангии Точикистону Русия мусоидат мекунанд.

Аксхо: ВКХ Точикистон

error: