Точикистон хамкориро бо кишвархои Осиёи Чанубу Шарки фаъолона рушд медихад – ИА Караван Инфо
Точикистон хамкориро бо кишвархои Осиёи Чанубу Шарки фаъолона рушд медихад

Бо максади тахким ва густариши хамкорихои дучониба хайати Чумхурии Точикистон сафари худро ба Кишвархои Ассотсиатсияи давлатхои Осиеи Чанубу Шарки (АСЕАН) оғоз намуд.

Хайат бо шохзодаи Вориси Салтанати Негери Сембилан (Малайзия), Тунку Али Резауддин мулокот намуд.

Зимни сухбат дурнамои шарикии Точикистону Малайзия барраси шуд. Чонибхо омодагии худро барои амиктар намудани хамкори дар сохахои гуногун изхор намуданд. Хайати точикистон аз чониби малайзия даъват намуд, ки Барои шиносои бо иктидори иктисодии Он Ба Точикистон ташриф оварад.

Хамчунин Дар Куала-Лумпур бо максади татбики созишномахое, ки каблан дар доираи сафари Президенти Чумхурии Точикистон, Пешвои миллат Мухтарам Эмомали Рахмон ба Малайзия ба даст оварда шуда буданд, мулокоти вазири саноат ва технологияхои нави Чумхурии Точикистон Шерали Кабир бо муовини сарвазири Малайзия Дато Шри Хочи Фадиллох Хочи Юсуф баргузор гардид.

Дар чараени мулокот масъалахои густариши хамкори дар сохахои тичоратию иктисоди, сармоягузори, саноати ва дигар сохахои барои харду чониб судманд барраси шуданд.

Афзоиши минбаъдаи сармоягузории Малайзия ба саноат, энергетика, бахши кишоварзи, ракамикунонии иктисодиет ва зехни сунъи мухим дониста шуд.

Чонибхо нияти хамкориро, ки ба рушд ва тахкими хамкори дар сохахои саноат, аз чумла истихрочи маъдан, кимие, сохтмон ва инчунин дар сохаи технологияхои нав равона шудааст, кайд намуданд.

Дар мачмуъ, вохури дар фазои хамдигарфахми сурат гирифт, байни тарафхо бахси пурмахсул ва бисёрчониба оид ба чустучуи роххои нави хамкории тичоратию иктисоди баргузор шуд.

АКСХО: вазорати саноат ва технологияхои нави Точикистон.

error: