Точикистон иктидори илмиро таквият мебахшад: Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияхои раками таъсис дода мешавад – ИА Караван Инфо
Точикистон иктидори илмиро таквият мебахшад: Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияхои раками таъсис дода мешавад

Душанбе, 28 июл, АИ «Караван инфо». Дар Точикистон Маркази нави рушди инноватсионии илм ва технологияхои раками дар назди Академияи илмхо таъсис дода мешавад, ки кушишхои ду муассисаи амалкунанда — Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияхои нав ва Маркази тадкикоти технологияхои инноватсиониро муттахид менамояд.

Фармони дахлдорро Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон дода, хохиши кишварро барои навсозии сохаи илми ва гузариш ба иктисоди раками инъикос менамояд.

Таъсиси Маркази муттахид ба тамаркузи захирахо, кадрхо ва иктидори илми барои татбики самараноки вазифахои афзалиятнок дар сохаи технологияхои баланд, ракамисози ва тахкикоти илми равона шудааст. Марказ платформаи нав барои гузаронидани тахияхои амали, тайер намудани мутахассисони чавон ва инчунин густариши хамкории байналмилали хохад буд.

Таъсиси чунин марказ бо эълони солхои 2025-2030 “Солхои рушди иктисоди раками ва инноватсия” алокаманд аст. Дар доираи ин давра, аз чумла, рушди инфрасохтори раками, истифодаи зехни сунъи барои пешниходи хидматхо ва пешбурди бахисобгирии давлати, таъмини амнияти киберии маълумот ва ташаккули сохибкории раками ба накша гирифта шудааст. 

Ташаббуси таъсиси Марказ бо катъномаи СММ “Накши зехни сунъи дар фарохам овардани имкониятхои нав барои рушди устувор дар Осиёи Маркази”, ки Точикистон ташаббус намудааст, алокаманд аст.

Интизор меравад, ки сохтори нав дар рушди фазои илмию технологии ватани, дастгирии стартапхо, тичоратикунонии дастовардхои илми ва чори намудани навоварихо дар бахши вокеии иктисодиёт накши калиди дошта бошад.

Аксхо: аз манбаъхои кушода

error: