Душанбе, 27 июн, – АИ «Караван инфо». Хукумати Чумхурии Точикистон расман дар бораи чори намудани сиёсати “Осмони Кушод” дар фурудгоххои байналмилалии кишвар эълон намуд. Карори дахлдорро Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон 12 июни соли 2025 имзо намуд.

Тибки ин навсози, принсипи баробари, ки каблан шумораи парвозхои ширкатхои хавопаймоии хоричиро махдуд намуда, баробариро бо интиколдихандагони милли мукаррар менамуд, бекор намуда мешавад. Сиёсати нав хамаи махдудиятхоро аз руи басомади парвозхо, шумораи чойхои нишаст, намуди хавопаймохо ва тарофахо бартараф намуда, бозорро барои ракобати байналмилали боз мекунад.
Ташаббус ба рушди бахши авиатсиони, бехтар намудани сифати хизматрасони ва васеъ намудани имкониятхои мусофирон равона шудааст. Агентии авиатсияи граждани вазифадор аст, ки дастрасии зуд ва шаффофи ширкатхои хавопаймоии хоричиро ба бозор ва мувофикати фаврии чадвалхои онхоро таъмин кунад.
То ба хол, барои 18 самти байналмилали махдудиятхои вакт то се сол боки мондаанд. Пас аз ин, принсипи “осмони Кушод” низ дар ин хатсайрхо амал хохад намуд.
Яке аз аввалин ширкатхои хавопаймоии хоричи, ки ба ислохот вокуниш нишон дод, Turkish Airlines буд. Аллакай аз мохи август шумораи парвозхо дар Масири Истамбул-Душанбе аз се то панч дар як хафта зиёд мешавад-парвозхо дар рузхои сешанбе ва шанбе илова намуда мешаванд. Чиптахо барои парвозхои нав аллакай ба фуруш бароварда шудаанд.
АКСХО: аз манбаъхои кушода