Точикистон Созишномаи хамкори байни кишвархои ИДМ дар мубориза бо коррупсияро тасдик намуд – ИА Караван Инфо
Точикистон Созишномаи хамкори байни кишвархои ИДМ дар мубориза бо коррупсияро тасдик намуд

Созишномаи хамкории давлатхои аъзои Иттиходи Давлатхои Мустакил дар мукобили коррупсия, ки 14 октябри соли 2022 дар Остона ба имзо расид, нихоят эътибор пайдо намуд.

Се кишвари иштирокчи-Беларус, Киргизистон ва Точикистон – ба кумитаи ичроияи ИДМ дар бораи ичрои расмиёти дохилидавлати, ки барои эътибор пайдо намудани ин санади мухим заруранд, огохиномахои хатти фиристоданд. Тибки моддаи 31 Созишнома, он аз 22 январи соли 2025 барои ин се кишвар эътибор пайдо мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Созишномаи хамкори дар мукобили коррупсия дар доираи Накшаи чорабинихои асоси оид ба татбики Консепсияи рушди минбаъдаи ИДМ ва барномаи Байнидавлатии тадбирхои муштараки мубориза бо чинояткори барои солхои 2008-2010 тахия шудааст. Илова бар ин, иштирокчиёни хуччат Арманистон, Казокистон, Русия ва Узбекистон мебошанд.

Созишнома хадафхо, вазифахо, самтхо ва шаклхои хамкори, инчунин принсипхои ташаккули заминаи меъёрии хукуки, мубодилаи иттилоот ва ичрои дархостхоро ба таври возех муайян намудааст. Илова бар ин, ба масъалахои мусодираи даромади бо рохи коррупсия ба даст овардашуда диккати махсус дода мешавад.

Тибки ин санад, кишвархои Иттиход ба хамдигар дар парвандахои хукуквайронкунии коррупсиони кумаки хукуки мерасонанд, дар чустучу ва баргардонидани дороихои коррупсионерхо хамкори мекунанд, иттилооти оперативи ва хуччатхои меъёриро мубодила мекунанд, барномахои дахлдор тахия мекунанд ва тайёри ва такмили ихтисоси кадрхоро мегузаронанд.

Аксхо: хадамоти матбуоти кумитаи ичроияи ИДМ

error: