Точикистон таъсиси Давлати Мустакили Фаластинро хамчун калиди сулх дар Ховари Миёна дастгири мекунад – ИА Караван Инфо
Точикистон таъсиси Давлати Мустакили Фаластинро хамчун калиди сулх дар Ховари Миёна дастгири мекунад

Душанбе, 01 август, АИ «Караван Инфо».  Намояндаи доимии Точикистон дар Созмони Милали Муттахид Чониб Хикмат дар конфронси Байналмилали оид ба халли сулхомези масъалаи Фаластин дар бораи ахамияти ичрои катъномахои СММ, ки ба таъсиси Давлати мустакил ва сохибихтиёри Фаластин бо пойтахти Ерусалими Шарки дар марзхои соли 1967 равона шудаанд, изхор дошт. Ба акидаи у, ин ягона рохи вокеии сулхи одилона ва устувор дар минтака мебошад.

Чонибек Хикмат дар кароргохи СММ дар Ню-Йорк суханрони намуда, таъкид намуд, ки татбики катъномахои СММ асоси хукуки байналмилали ва кафолати риояи хукукхои мардуми фаластин мебошад. Ин мавкеъ бо акидаи бисёр давлатхо ва созмонхои байналмилали, ки ба халли сулхомези низоъи исроил ва фаластин нигаронида шудаанд, мувофикат мекунад.

Вазорати корхои хоричии Точикистон хабар дод, ки кишвар аз руи имкониятхои худ ба мардуми Фаластин кумаки башардустона расонидааст ва ният дорад, ки дастгириро идома дихад. Ин садокати Душанберо ба принсипхои хамбастагии байналмилали ва гуманизм инъикос мекунад.

Вазирони корхои хоричии 15 кишвар дар конфронс таъсиси Давлати Фаластинро  чонибдори намуданд

 Дар изхороти муштарак онхо аз хамаи давлатхо даъват намуданд, ки ба онхо пайрави кунанд. Муаллифони изхорот “ухдадории катъи” – ро ба халли низоъ дар асоси принсипи ду давлат таъкид намуданд, ки ин кадами калиди барои расидан ба сулхи дарозмуддат эътироф шудааст.

АКС: намояндагии Доимии Точикистон дар назди Созмони Милали Муттахид

error: