Душанбе, 21 июли соли 2025. Муносибатхои хавопаймоии Точикистон бо кишвархои хоричи босуръат рушд мекунанд. Санаи 19 июл ширкати хавопаймоии узбекии “Centrum Air” расман парвозхои мустакимро аз тарики хатсайри Тошканд-Душанбе-Тошканд огоз намуд. Ин ба шарофати Созишномаи дучониба дар бораи алокаи хавои, ки байни Хукуматхои Точикистон ва Узбекистон саснаи 9 марти соли 2018 ба имзо расидааст, имконпазир гардид.

Тибки маълумоти Агентии авиатсияи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистон, парвозхои хавопаймои байни Тошканд ва Душанбе хафтае ду маротиба — рузи чоршанбе ва шанбе анчом дода мешаванд. Аз санаи 20 июл боз як хатсайри Самарканд- Душанбе -Самарканд кушода шуд, ки рузи панчшанбе ва якшанбе хидмат хохад намуд.
Роххои нав имкониятхоро хам барои сафархои кори ва хам мубодилаи фарханги ва сайёхи байни кишвархои хамсоя васеъ мекунанд.
Рушди алокаи хавои дар заминаи фаъолшавии хамкории Точикистон бо Чин сурат мегирад. Аз санаи 16 июни соли 2025 Ширкати хавопаймоии Чин China Southern Airlines парвозхои мустакимро байни Душанбе ва Пекин огоз намуд. Илова бар ин, аз санаи 1 июл Ширкати Chengdu Airlines парвозхои мунтазамро аз тарики хатсайри Кашгар -Хучанд- Кашгар огоз намуд, ки хафтае як маротиба ичро намуда мешаванд.
Чунин икдомхо ба густариши чугрофияи парвозхо, рушди иктидори дохилии сайёхи ва наклиёти ва табдил додани Точикистон ба як гирехи мухими транзити дар минтака равона шудаанд.
Тавре ки дар гузориши Агентии авиатсияи граждани таъкид шудааст, муваффакиятхои солхои охир бо сиёсати “дархои кушода” ва дастгирии рохбарияти олии кишвар имконпазир гардиданд. Имруз алокаи хавоии Точикистон самтхои калидиро ба монанди Истамбул, Дубай, Москва, Алмаато, Дехли, Техрон ва холо Тошканд, Пекин ва Кашгар фаро мегирад.
Дар оянда тавсеаи минбаъдаи хатсайрхои байналмилали ва хамкории фаъол бо ширкатхои пешрафтаи хавопаймоии чахон барои бехтар намудани сифати хидматхо ва баланд бардоштани ракобатпазирии соха ба накша гирифта шудааст.
АКСХО: аз манбаъхои кушода