Точикистон, Узбекистон ва Киргизистон барои Баргузории Чоми Осиё-2031 ариза пешниход намуданд – ИА Караван Инфо
Точикистон, Узбекистон ва Киргизистон барои Баргузории Чоми Осиё-2031 ариза пешниход намуданд

Федератсияи Футболи Точикистон, Узбекистон ва Киргизистон расман барои Баргузории Чоми Осиё оид ба футбол дар соли 2031 аризаи муштарак пешниход намуданд. Агар он тасдик намуда шавад, Осиёи Маркази бори аввал дар таърих мусобикаи асосии футболи китъаро баргузор мекунад.

Ташаббускори ин акида президенти ассотсиатсияи футболи Осиёи Маркази (CAFA) Рустам Эмомали буд, ки изхор дошт, ки ният дорад дар Конгресси CAFA дар соли 2023 мурочиат кунад.

“Минтакаи Осиёи Марказии мо хеч гох кисми нихоии Чоми Осиёро кабул нанамудааст. Ман фикр мекунам, ки ин вакт аст. Минтакаи мо аз дастахои хеле кави иборат аст ва ман бовари дорам, ки дар якчояги бо кишвархои бародар мо ин мусобикаро дар сатхи баландтарин баргузор хохем намуд”, – гуфт Рустами Эмомали.

Президенти конфедератсияи футболи Осиё (AFC) Шайх Салмон Бин Иброхим Ал-Халифа ин ташаббусро дастгири намуд ва кайд намуд, ки Осиёи Маркази сазовори хукуки кабули чемпионат аст.

Холо интизори халли AFC боки мондааст, ки муайян мекунад, ки Чоми Осиё-2031 дар кучо баргузор мешавад.

Аксхо: аз манбаъхои кушода

error: