Душанбе, 18 август, АИ «Караван Инфо». Санаи 15 август дар шахри Душанбе мулокоти Вазири корхои хоричии Чумхурии Точикистон Сирочиддин Мухриддин бо Сафири Фавкулодда ва Мухтори Чопон дар Точикистон Кейко Фурута баргузор шуд.

Дар чараёни гуфтушунидхо чонибхо вазъи кунуни ва дурнамои рушди муносибатхои дучониба, инчунин масъалахои хамкори дар доираи созмонхои байналмилалиро барраси намуданд.
Пас аз анчоми мулокот маросими расмии имзои ёддоштхои табодули байни Хукумати Точикистон ва Хукумати Чопон оид ба лоихаи додани стипендия барои рушди захирахои инсони (JDS) дар доираи барномаи чопон оид ба кумаки расмии рушд (OPR) баргузор гардид.
Барномаи JDS (Japanese Development Scholarship) ба тайёр намудани мутахассисони баландихтисос равона шудааст, ки пас аз тахсил дар Чопон ба рушди сохторхои давлати, иктисод ва сохаи ичтимоии Точикистон сахм мегузоранд.
Хамкори барои хизматчиёни чавони давлатии Точикистон, рохбарони ояндаи кишвар, ки метавонанд дар магистратура ё докторантураи донишгоххои пешрафтаи Чопон тахсил кунанд, грантхо пешниход менамояд. Барои татбики мархилаи кунунии барнома чониби чопон 275 миллион йен чудо мекунад.
Имзои хуччатхо оид ба лоихаи JDS кадами мухим дар тахкими иктидори кадрхои Точикистон ва рушди хамкорихои башардустона бо Чопон гардид.
Дар тули солхои зиёд Чопон шарики боэътимоди Точикистон буда, дар сохахои маориф, тандурусти, инфрасохтор ва таъмини амнияти минтакави дастгири менамояд.
Мархилаи нави татбики барномаи JDS барои мутахассисони чавони Точикистон имконияти ба даст овардани донишу тачрибаи муосир дар Чопонро боз мекунад, ки ин ба онхо имкон медихад, ки дар оянда ба рушди устувори кишварашон фаъолона мусоидат намоянд.
Интизор меравад, ки иштирок дар барнома ба рохбарони ояндаи Точикистон имкон медихад, ки салохиятхои зарурии касбиро ба даст оранд ва инчунин ба тахкими хамдигарфахми ва тахкими муносибатхои анъанавии дустонаи Точикистону Чопон мусоидат намоянд.
АКСХО: Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон