Точикистон ва ИА дар бораи ояндаи устувор бахс мекунанд: дар маркази диккат – энергетикаи «сабз» – ИА Караван Инфо
Точикистон ва ИА дар бораи ояндаи устувор бахс мекунанд: дар маркази диккат - энергетикаи «сабз»

Душанбе, 12 июл, АИ «Караван инфо». Масъалахои амикгардонии шарики ва чори намудани ташаббусхои нав дар сохаи энергетикаи сабз мавзуи асосии мулокоти вазири энергетика ва захирахои оби Чумхурии Точикистон Далер Чумъа бо Рохбари бахши Ховари Миёна ва Осиёи Маркази директори Генералии комиссияи Аврупо оид ба шарикии байналмилали Шарлотта Адриан гардиданд.

Чонибхо хам лоихахои чори, ки бо дастгирии Иттиходи Аврупо амали мешаванд ва хам самтхои нави ояндадорро дар сохаи манбаъхои баркароршавандаи энергия ва истифодаи окилонаи захирахои обро мухокима намуданд. Таваччух ба дастгирии ислохоти бахши энергетика, тавсеаи дастраси ба манбаъхои тозаи энергия ва тахкими иктидори институтсионали равона шудааст.

Точикистон Иттиходи Аврупоро хамчун шарики мухим дар навсозии инфрасохтори энергетики ва гузариш ба технологияхои устувор ва камкарбон мехисобад. Чонибхо аз сатхи бадастомадаи хамкори изхори каноатманди намуданд ва нияти густариши муколамаро дар рухияи дастгирии тарафайн ва хамкории дарозмуддат тасдик намуданд.

Точикистон дорои иктидори назарраси гидроэнергетики буда, дар рушди устувори минтака, бахусус дар шароити тагйирёбандаи иклим сахм мегузорад. Гузариш ба иктисоди “сабз” ба авлавияти сиёсати давлати табдил ёфтааст ва шарикони байналмилали дар дастгирии ин тагйирот накши мухим доранд.

АКСХО: Вазорати энергетика ва захирахои оби Чумхурии Точикистон

error: