Душанбе, 01 август, АИ «Караван Инфо». Бо ташаббуси чониби амрико 31 июл гуфтугуи телефони байни Вазири корхои хоричии Чумхурии Точикистон Сирочиддин Мухриддин ва муовини котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау баргузор гардид.

Зимни сухбат чонибхо вазъи кунуни ва дурнамои рушди муносибатхои точикистону амрикоро барраси намуданд. Ба масъалахои хамкории дучонибаи иктисоди, густариши робитахои тичоратию сармоягузори ва дастгирии рушди устувор дар Осиёи Маркази диккати махсус дода шуд.
Гайр аз он, мусохибон оид ба масъалахои рузномаи минтакави ва байналмилали, аз чумла амният, хамкори дар мубориза бо тахдидхои фаромилли ва хамкори дар доираи созмонхо ва платформахои байналмилали мубодилаи афкор намуданд.
Ин муколама хохиши харду чонибро барои тахкими шарики дар асоси эхтироми тарафайн, манфиатхо ва хохиши умумии субот дар минтака тасдик мекунад.
АКСХО: Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон