Душанбе, 13 июн, АИ «КараванИнфо». Санаи11 июни соли 2025 дар кароргохи ЮНЕСКО мулокоти Вазири корхои хоричии Чумхурии Точикистон, Раиси комиссияи Миллии корхои ЮНЕСКО Сирочиддин Мухриддин бо Директори генералии ЮНЕСКО Одри Азуле баргузор шуд.

Тавре Вазорати корхои хоричии Точикистон хабар медихад, зимни сухбат чонибхо вазъи кунуни ва дурнамои хамкорихои Точикистону Созмони Милали Муттахидро оид ба масъалахои маориф, илм ва фарханг барраси намуданд. Дар маркази диккат татбики ташаббусхои муштарак дар сохаи илм ва маориф, хифзи мероси фарханги, рушди илмхои табии ва идоракунии устувори захирахои об карор дорад.
Сирочиддин Мухриддин чонибдории Точикистонро ба тахкими хамкори бо ЮНЕСКО тасдик намуда, ахамияти шарикиро дар пешбурди ташаббусхое, ки ба халли мушкилоти чахони равона шудаанд, таъкид намуд. Чонибхо ба густариши барномахои мавзуи ва татбики лоихахои нав дар Минтакаи Осиёи Маркази таваччухи тарафайн зохир намуданд.
ЮНЕСКО, дар навбати худ, ташаббусхои Точикистонро дар сохаи дипломатияи оби ва хифзи мероси фархангии гайримодди, аз чумла Шашмаком падидаи беназири мусики ва шоирона, ки дороии инсоният эътироф шудааст, баланд арзёби намуд.
Мулокот рухияи умумиро барои тахкими шарикии стратегии Точикистону ЮНЕСКО ба манфиати рушди устувор, муколамаи фарханги ва хамкории байналмилали тасдик намуд.
Аксхо: Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон