Душанбе, 02 июл, – АИ «Караван инфо». Тахкими эътимод ва рушди пайвастаи муносибатхои дучонибаи Точикистону Киргизистон мавзуи марказии мулокотхои сатхи баланд дар Бишкек, ки 30 июн баргузор шуд, гардид.
Президенти Чумхурии Киргизистон Садир Чапаров Вазири корхои хоричии Чумхурии Точикистон Сирочиддин Мухриддинро кабул намуд. Ба иттилои ВКХ-и Точикистон, дар чараёни мулокот доир ба масъалахои мухталифи мавриди таваччухи тарафайн табодули афкор сурат гирифт.

Чонибхо таъкид намуданд, ки ба шарофати иродаи сиёсии рохбарони ду давлат муносибатхои точикистону киргизистон дар заминаи устувор рушд ёфта, ба самти сатхи нави сифат ва умк харакат мекунанд.
Вазири корхои хоричии Точикистон омодагии Душанберо барои густариши хамкорихои бисёрчониба бо Бишкек, бахусус дар сохахои сиёси, иктисоди ва башардустона тасдик намуд.
Хамчунин, дар доираи сафар гуфтушунидхо байни рохбарони идорахои сиёсати хоричии Точикистон ва Киргизистон Сирочиддин Мухриддин ва Чеэнбек Кулубаев баргузор шуданд.
Музокирот дар фазои дусти ва муколамаи созанда сурат гирифт. Вазирон вазъи кунуни ва дурнамои рушди муносибатхои дучонибаро дар сохахои сиёси, тичорати-иктисоди ва фарханги-гуманитари барраси намуданд.
Талошхои мутакобила барои густариши хамкории иктисоди дар заминаи афзоиши гардиши мол байни кишвархо кайд намуда шуданд.
Чонибхо инчунин, оид ба масъалахои мубрами байналмилали мубодилаи афкор намуданд ва нияти амиктар намудани хамкорихоро дар доираи созмонхо, ба монанди СММ, СХШ, ИДМ, СААД ва гайра тасдик намуданд.
Ба мувофикати мавкеъхо оид ба масъалахои асосии рузномаи чахони ва зарурати тахкими хамохангсозии талошхо барои муковимат ба мушкилот ва тахдидхои муосир диккати махсус дода шуд.
АКСХО: Вазорати корхои хоричии Точикистон