Дар Маскав чаласаи коллегияи Муттахидаи ВАЗОРАТИ Корхои дохилии Русия ва Вазорати Корхои дохилии Точикистон баргузор гардид. Тавре хадамоти матбуоти вазорати русия хабар медихад, дар доираи мулокот Вазирони корхои дохилии Точикистон ва Русия Рамазон Рахимзода ва Владимир Колокольцев накшаи кори ду идораро барои соли 2025 тасдик намуданд.

Дар чараёни коллегия тарафхо инчунин ба масъалахои хамкори дар мубориза бо чинояткории фаромилли, мубодилаи иттилоот ва дигар мавзуъхои мубрам дахл намуданд.
“Дар натичаи рушди фаъолонаи шарикии стратегии мо дар сохаи хифзи хукук заминаи зарурии меъёрии хукуки ташкил намуда шуд. Дар сатхи рохбарияти вазоратхо ва дар хатти чузъу томхои профили робитахои зич баркарор намуда шуданд. Табодули маълумоти муосир ба рох монда шуда, тачрибаи зиеди амалии халли якчояи вазифахои оперативи-хизмати чамъовари намуда шудааст. Амалиёти оперативи-профилактикии мувофикашуда мунтазам гузаронида мешаванд. Хамкори дар хатти омодасозии кадрхо идома дорад. Имруз дар ташкилотхои таълимии Вазорати Корхои дохилии Русия 167 хамкорони точик маълумоти оли мегиранд”, – гуфт Колоколтсев.
Вазир изхор дошт, ки дар мачмуъ вазъи чинояти дар каламрави ду давлат тахти назорат боки мемонад. Ба гуфтаи у, дар соли 2024 шумораи амалхои гайриконуни хам аз чониби шахрвандони Точикистон ва хам нисбати онхо кохиш ёфтааст.
Тибки маълумоти вазорати ЧТ, Рахимзода дар суханронии худ таъкид намуд, ки хамкории макомоти корхои дохилии ду кишвар “дар доираи чаласаи муштараки коллегия боз хам рушд ва такмил меебад”.
Илова бар ин, чаласаи коллегияи муттахидаи вазоратхои корхои дохилии Точикистону Русия аз соли 1999 инчониб хамасола баргузор мегардад.
Аксхо: аз манбаъхои кушода