Санахои 12-13 феврали соли 2025 Вазири корхои хоричии Чумхурии Точикистон Сирочиддин Мухриддин бо даъвати Сардори ВКХ Русия Сергей Лавров бо сафари расми ба Федератсияи Русия ташриф овард.

Музокироти байни вазирон дар Москва дар ду формат – танг ва васеъ гузаронида шуд. Дар чараёни мулокот чонибхо вазъи кунуни ва дурнамои хамкории дучонибаро дар сохахои асоси, аз чумла сиёсат, иктисод ва сохаи гуманитари барраси намуданд. Ба масъалахои амнияти минтакави, инчунин татбики созишномахое, ки дар мулокоти президентхои Точикистон ва Русия, ки 24 декабри соли 2024 дар вилояти Ленинград баргузор гардид, диккати махсус дода шуд.
Мавзуи мухими мухокима масъалахои мухочират буд, ки дар муносибатхои ду кишвар накши мухим мебозанд. Чонибхо нияти тахкими хамкорихоро дар ин соха бо назардошти манфиатхои хам мухочирони мехнатии точик ва хам чониби мизбон тасдик намуданд.
Сафари Сирочиддин Мухриддин хусусияти стратегии муносибатхои точикистону русия ва омодагии харду кишварро барои рушди минбаъдаи шарики таъкид намуд.
Аксхо: Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон