Токаев қазоқистониёни православиро бо Мавлуд табрик гуфт
Остона, 7 январи соли 2026-АИ «Караван Инфо». Президенти Қазоқистон Қасим-Жомарт Токаев шаҳрвандони православии кишварро бо Мавлуди Масеҳ табрик гуфт.

“Насроният дар таҳкими ризоияти байни конфессияҳо дар кишвари мо саҳми муҳим дорад”, – гуфта мешавад дар табрикоти Сарвари давлат.
Токаев қайд намуд, ки ҷашн дилҳоро бо имон, умед ва муҳаббат ба ҳамсоя пур мекунад. Ӯ ба ҳамаи Сокинони Қазоқистон саломатии хуб, муваффақият ва некӯаҳволии ҳар як хонаро таманно намуд.
Аксҳо: Акорда
