Токаев ба Бауирҷон Момишулӣ унвони “Халиқ қаҳармани” дод
Остона, 26 декабри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Президенти Қазоқистон Қасим-Жомарт Токаев фармони додани унвони “Халиқ қаҳармани” ба фармондеҳи афсонавӣ Бауирҷон Момишулӣ (пас аз марг) – ро имзо намуд. Ҳуҷҷати дахлдор дар сайти Акорда нашр шудааст.

“Барои қаҳрамонӣ ва ҷасорати дар ҷанги Бузурги Ватанӣ зоҳирнамудааш, ба Ӯ унвони “Халиқ каҳармани” дода шуда, нишони фарқияти махсус ситораи Тиллоӣ ва ордени Отан супорида мешавад”, – гуфта мешавад дар фармон.
Қарор дар арафаи ҷашни 115-солагии зодрӯзи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ қабул намуда шуд. Дар давоми як ҳафта дар Саросари Қазоқистон даҳҳо чорабиниҳои хотиравӣ, намоишгоҳҳо ва маросимҳо ба ифтихори ӯ баргузор шуданд.
Аксҳо: Акорда
