Токаев ва Трамп дар бораи таҳкими шарикии стратегӣ байни Қазоқистон ва ИМА сӯҳбат намуданд – ИА Караван Инфо
Токаев ва Трамп дар бораи таҳкими шарикии стратегӣ байни Қазоқистон ва ИМА сӯҳбат намуданд

ВАШИНГТОН, 7 ноябр АИ «Караван Инфо». Президенти Қазоқистон Касим-Жомарт Токаев бо Президенти ИМА Доналд Трамп дар Кохи Сафед гуфтушунид намуд. Сарвари давлат ба пешвои амрико барои даъват ва пазироии гарм изҳори миннатдорӣ намуда, аҳамияти таърихии марҳилаи кунунии муносибатҳои дуҷонибаро таъкид намуданд.

Қасим-Жомарт Токаев қайд намуд, ки таҳти роҳбарии Доналд Трамп Иёлоти Муттаҳида мавқеи қудрати пешрафтаи ҷаҳонро мустаҳкам намуда, дар таъмини субот ва амнияти ҷаҳонӣ саҳми назаррас гузоштааст. Президенти Қазоқистон инчунин аз ташаббусҳои сулҳҷӯени раҳбари амрико, аз ҷумла лоиҳаи “Роҳи Трамп барои сулҳи байналмилалӣ ва шукуфоӣ” (TRIPP), ки метавонад ба рушди долони Миёна мусоидат кунад, изҳори дастгирӣ намуд.

Дар навбати худ, Доналд Трамп хоҳиши ИМА-ро барои таҳкими минбаъдаи шарикии васеи стратегӣ бо Қазоқистон тасдиқ намуд. Ҷонибҳо имзои созишномаҳои тиҷоратиро дар доираи сафар ба маблағи беш аз 17 миллиард доллар истиқбол намуда, дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаҳои калидиро баррасӣ намуда, оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

Аксҳо: Акорда

error: