Токаев ва Зеленский дар майдонҳои Ассамблеяи Генералии СММ вохӯрданд
ОСТОНА, 23 сентябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Президенти Қазоқистон Қасим-Жомарт Токаев дар доираи сессияи 80-уми Ассамблеяи Генералии СММ бо Владимир Зеленский мулоқот намуд.

Мусоҳибон масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ ва башардӯстонаро баррасӣ намуданд. Владимир Зеленский назари худро дар бораи вазъи Украина баён намуд.
Қасим-Жомарт Токаев, дар навбати худ, изҳор дошт, ки дар ин вазъияти ниҳоят мураккаб барои ҷустуҷӯи роҳҳои қатъи низоъ кори дипломатиро идома додан лозим аст.
Акс: Акорда
