МОСКВА, 20 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо». Президенти ИМА Доналд Трамп расман ба Русия даъват шуд. Дар ин бора Вазири корхои хоричии ФР Сергей Лавров дар навори шабакаи Телевизионии “Россия-24″хабар дод.

Дар посух ба саволи рузноманигорон дар бораи сафари эхтимолии рахбари Амрико то охири сол, раиси ВКХ-и Русия хотиррасон намуд, ки ин даъватномаро Владимир Путин каблан дар нишасти матбуотии Аляска тасдик намуда буд.
“Президенти ИМА Доналд Трамп, агар дуруст дар ёд дошта бошам, гуфт, ки ин хеле чолиб аст” гуфт Лавров.
Каблан, санаи 15 август, мулокоти Путин ва Трамп дар пойгохи низомии Анкорич баргузор шуда буд. Музокирот такрибан се соат дар формати се ба се давом намуд.
Ба гуфтаи рахбари Русия, сухбат созанда буд ва ба чонибхо дар чустучуи халли як катор масъалахо кумак намуд. Худи Трамп баъдтар саммитро хамчун “дах аз дах” тавсиф намуд.
Муносибатхои Русия ва Амрико яке аз омилхои асосии сиёсати чахони боки мемонанд. Бо вучуди тахримхо ва ихтилофхо дар як катор мавзуъхо, Москва ва Вашингтон чустучуи имкониятхои муколамаро идома медиханд.
Чунин ташрифхои рохбарон одатан хамчун кадамхои паст намудани ташаннуч ва эчоди эътимод барраси намуда мешаванд, гарчанде ки натичахои мушаххаси чунин вохурихо аз иродаи сиёсии харду чониб вобаста аст.
Аксхо: Kevin Lamarque / Reuters