Трамп накша дорад, ки аз рузи аввали ифтитох ба депортатсияи оммавии мухочирони гайриконуни шуруъ кунад – ИА Караван Инфо
Трамп накша дорад, ки аз рузи аввали ифтитох ба депортатсияи оммавии мухочирони гайриконуни шуруъ кунад

Маъмурияти Президенти Интихобшудаи ИМА Доналд Трамп ният дорад, ки 21 январ, як руз пас аз ифтитох, ба Чикаго рейдхои густурдаи зидди мухочиратро огоз кунад. Амалиёт, ки як хафта давом мекунад, ба муайян ва депортатсияи мухочирони гайриконуни, бахусус онхое, ки собикаи чинояти доранд, равона намуда мешавад.

Дар Чикаго ташаннуч вучуд дорад: мухочирони гайриконуни ба боздоштхои эхтимоли омодаги мегиранд. Сокинон камерахои назорати насб мекунанд, ваколатнома медиханд ва ба накша мегиранд, ки дар сурати набудани онхо ки метавонад ба кудакон нигохубин кунад.

Дар чараёни маъракаи интихоботи Доналд Трамп ваъда дод, ки “бузургтарин барномаи депортатсия дар таърихи ИМА” – ро огоз мекунад. Дар мусохибаи рузи якшанбе бо NBC, у таъкид намуд, ки ихрочи мухочирони гайриконуни “хеле ва хеле зуд” огоз мешавад.

Интизор меравад, ки дар ин хамла 100-200 нафар корманди полиси Мухочират ва гумрук (ICE) иштирок кунанд ва хадафи асоси мухочирони дорои гузаштаи чинояти бошанд.

Тибки иттилои маркази тадкикотии Pew, дар ИМА такрибан 11 миллион мухочири гайриконуни зиндаги мекунанд. Дар соли 2024 маъмурияти президент Чо Байден беш аз 270 хазор нафарро депортатсия намуд, ки ин баландтарин нишондиханда аз соли 2014 мебошад. Дар давраи аввали президентии Трамп шумораи депортатсияхо дар соли 2019 267 хазор нафарро ташкил дод.

Нозирон кайд мекунанд, ки тадбирхои дарпешистода метавонанд дар минтакахои дорои шумораи зиёди мухочирон нооромихои назарраси ичтимои ва сиёсиро ба вучуд оранд.

Аксхо: аз шабакахои ичтимоии realdonaldtrump

error: