Доналд Трамп ва Илон Маск дар як мусохибаи телевизионии муштарак баромад намуданд, ки дар он масъалахои идоракунии давлати, кохиши бюрократия ва харочоти давлати барраси шуданд. Президенти ИМА тасдик намуд, ки Департаменти самаранокии хукумат (DOGE), ки аз чониби Маск таъсис дода шудааст, имкон медихад, ки аз хисоби бартараф намудани харочоти “бемантик” беш аз 1 триллион доллар сарфа намуда шавад.

“Вай рахбари ман дар хамла ба бюрократияи Вашингтон аст” гуфт Трамп ва кайд намуд, ки Маск дар ичрои бисеёр фармонхои у накши халкунанда дошт.
Нуктаи асосии сухбат масъалаи ихтилофи эхтимолии манфиатхо бо назардошти дороихои тичоратии Маск буд.
“Ман хеч гох аз президент чизе напурсидам” гуфт миллиардер.
“Ин дуруст аст” гуфт Трамп.
Агар чунин холат ба миён ояд, Маск ваъда дод, ки худро дур мекунад.
“Ман дар ин чо чизе ба монанди имтихони харрузаи проктологи мегузарам. Хамин тавр, ман дар зери пардаи шаб аз масъулият гурехта наметавонам”, — шухи намуд у.
Дар мусохиба инчунин имтиёзхои андоз барои мошинхои барки, ки ба лоихаи Конун дар Конгресс дохил нашудаанд, мухокима намуда шуданд. Трамп кайд намуд, ки Маск аз ин карор “шояд чандон хушнуд нест”, аммо муносибати махсусро ба Tesla талаб нанамуд.
Демократхо Маскро барои усулхои катъии кам намудани харочот, аз чумла барои кам намудани кумаки хоричи ва бархам додани чойхои кори дар дастгохи давлати танкид намуданд. Бо вучуди ин, Трамп ва Маск як чабхаи ягона буданд ва таъкид намуданд, ки хадафи онхо баланд бардоштани самаранокии хукумат аст.
Аксхо: аз манбаъхои кушода